ИФТИТОҲИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

print

Чиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод  пули мошингузари деҳаи Ҷонварсӯз азнавсозӣ гардид.

Зимни ифтитоҳи он раиси ноҳия Мансур Каримзода иштирок намуд. Пули мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳмгузории сокинони деҳот сохта шуд.
Сокинон аз бунёд ва мавриди ба истифода қарор додани чунин як пули замонавӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.
Бояд гуфт, ки сокинони меҳандӯсти деҳот бо дили пок, руҳияи баланд ва ҳисси ватандӯстӣ дар ободсозии ин иншооти муҳиму зарурӣ фаъолона иштирок намуда, саъю кӯшиш карданд то пул дар муҳлатҳои муайян ба истифода супорида шавад.
Ногуфта намонад, ки корҳои васлкунӣ ва мустаҳкамсозӣ аз ҷониби устоҳои бомаҳорат бо сатҳи баланди касбият иҷро гардида, маҳз ҳамин меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносии онҳо боис гардид, ки санаи 15-уми декабри соли 2025 бо иштироки Мансур Каримзода мавриди истифода қарор гирад.
Баъд аз навсозии пули деҳа барои ҳаракати бемамониати сокинон, беҳтар гардидани инфрасохтори роҳсозӣ ва рушди минбаъдаи минтақа хизмат хоҳад кард. Ҳамчунин, Мансур Каримзода бо сокинон суҳбат карда барои азнавсозии пули деҳа изҳори сипос намуд.
Сокинон аз бунёд ва мавриди ба истифода қарор додани чунин як пули замонавӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.
Дар охир аз тарафи раиси ноҳия ба якқатор фаъолони деҳа барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди чунин иншоот бо сипосномаи раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code