Таҳти чунин унвон имрӯзҳо аъзои маҳфили волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, вобаста ба интихоботи вакилони халқ, ки 2 марти соли 2025 баргузор мегардад, дар ноҳия ҳамоиши тарғиботӣ доир гардида истодааст. Зимни ҳамоиш волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии ноҳия варақаҳо ва брошураҳоро, ки дар бораи интихобот маълумоти муҳим доштанд, байни шаҳрвандон тақсим намуда, онҳоро ба иштироки фаъолона дар интихобот даъват намуданд.
Гуфта шуд, ки интихобот падидаи ҷомеаи демократӣ буда, нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон назаррас аст. Аз ин рӯ, бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дарки масъулияти баланд, иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати ҳамагонӣ саҳми