28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба муносибати иди касбӣ табрику шодбош гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои муҳимму пурмасъули ҳифзу таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик барору комёбиҳо таманно намуданд.
Таъкид карда шуд, ки оғози фаъолияти мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчун сохтори таъиноти махсуси татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи амнияти миллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ба давраи ниҳоят ҳассосу душвори солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар шароити бениҳоят вазнину печидаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва мушкилоти молиявию иқтисодӣ барқарор гардида, таҳким бахшида шудааст.
Маҳз дар ҳамон давраи ҳассосу сарнавиштсоз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, дар амалиётҳои зиёди ҷангӣ ва фаврию ҷустуҷӯӣ ба муқобили дастаҳои террористиву экстремистӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, марзшиканӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо ба амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик фаъолона иштирок намудаанд, изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат саҳми назаррас гузоштану вазифаҳои худро тибқи талаботи қонунгузории мамлакат сарбаландона иҷро намудани онҳоро махсус ёдовар шуданд.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд мулоқоти имрӯза бо кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар давраи бисёр мураккаби муносибатҳои геополитикӣ, шиддат гирифтани мухолифату низоъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб дар ҷаҳони муосир баргузор мегардад ва вусъати бесобиқа касб кардани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ, дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷангу низоъҳо дар минтақаҳои мухталифи сайёра омили таҳдиди ҷиддӣ ба суботу оромии кишварҳои сайёра мубаддал гардидааст.
Илова бар ин, мушкилоти экологӣ ва биологӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва терроризми киберӣ ҳамчун таҳдидҳои нав, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини бо онҳо вобаста ба таъмини амнияти байналмилалӣ таъсири манфии ҷиддӣ ворид кардаанд.
Дар чунин шароит таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти амният бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошанд, раванду ҳодисаҳои минтақа ва ҷаҳонро мунтазам омӯзанд, таҳлил кунанд ва барои пешгирӣ кардани нақшаҳое, ки ба халалдор сохтани амнияти давлату ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум равона шудаанд, тадбирҳои қонунӣ, зарурӣ ва фаврӣ андешанд.
Мубориза ба муқобили хурофоту ифротгароиро низ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳимтарину афзалиятноки мақомоти амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла аҳли маориф, сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин, зиёиён, падару модарон, фаъолон, ходимони дин ва тамоми ҷомеа арзёбӣ намуданд.
Бо дарназардошти густариши таҳдидҳои глобалӣ – терроризм ва экстремизми байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро вазифадор намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, омодагии ҷангӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ, донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, инчунин, маданияти касбии кормандони соҳа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии хавфу хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияту суботи ҷомеа, ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳудуди мамлакат ва пешгирӣ аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳамчунин кормандон ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки беш аз ҳарвақта ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар доираи ваколатҳои бо қонун муқарраршудаи худ амал намуда, бо зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ақидаҳои мутаассибонаву хурофотие, ки рушди ҷомеаро бозмедоранд, бо дарки амиқи масъулияти касбӣ мубориза баранд ва зеҳну шуури ҷомеаро аз таъсири фарҳанги бегонаву мафкураи ҷоҳилона ҳифз намуда, фаъолияти худро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ҷинояткориҳо тақвият бахшанд.
Ҳамчунин, аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ талаб карда шуд, ки риояи талаботи ойинномаву низомномаҳои ҳарбӣ, иҷрои вазифаву ваколатҳои тибқи қонун пешбинигардида, интизоми ҳарбӣ, тарбияи кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, инчунин, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва садоқат ба давлату халқи Тоҷикистон тарбия кардани афсарону сарбозонро таъмин намоянд.
http://prezident.tj