ИШТИРОКИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ РАИСОНИ ВИЛОЯТҲО ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

print

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин,  масъулони самти маҳал курси такмили ихтисос гузаронда шуд, ки дар он раиси ноҳияи Файзобод Каримзода Мансур интирон камуданд.

Курси такмили ихтисос аз 26 май то 28 майи соли равон баргузор гардид.

Зимни ҷамъбасти курс Сафарзода Даврон Ҷурахон, ректори Академияи идоракунии давлатӣ, Ҳамидиён Орзу мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Неъматзода Маликшо муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, қабл аз ҷамъбасти курс дар мавзуи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо” мизи мудаввар доир гардида, дар ҷараёни он иштирокчиён фикру ақидаҳояшонро иброз доштанд.

Тибқи барномаи таълимӣ барои иштирокчиёни курс машғулиятҳо вобаста ба хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷроиши барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, техникаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръат, сарварӣ ва хусусиятҳои он дар замони муосир ва нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ омӯзонда шуданд. Пас аз ҳар машғулият вобаста ба мавзӯи дарс мубоҳиса ва саволу ҷавобҳо бо иштироки мутахассисон ва коршиносони соҳавӣ доир гардида, иштирокчиён ҷиҳати дарёфти роҳҳои самараноки идоракунии давлатӣ дар шароити муосир бо назардошти вазъияти ҷаҳон имконияти бештар пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки курси такмили ихтисос дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Академия роҳандозӣ гардида, дар он коршиносон ва мутахассисони варзида оид ба нозукиҳои идоракунии давлат ба шунавандагон маълумот хоҳанд дод.

Дар фарҷом ба шунавандагони курс гувоҳнома тақдим гардид.

Шарҳи худро гузоред

*

code