ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА СОКИНОНИ ВМКБ

print

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва мардуми шарафманди он дар робита ба офатҳои табии, ки рӯзи 15 феврали соли 2023 бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, сахт андуҳгин буда, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият менамоянд. Ба зарардидагони ин офати табиӣ шифои комил хоҳонанд.
Хабари ба ҳалокат расидани сокинони осоишта бар асари фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси андуҳи амиқи мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мардуми ватандӯсти он ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамдарди худро баён мекунанд.

ДАФТАРИ МАТБУОТИ РАИС НОҲИЯ

Шарҳи худро гузоред

*

code