ДАВЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНБИНӢ
Ба таъсиси давлат вақте зарурат пайдо мешавад, ки ниёзҳои ҷомеа барои низоми муайяни идоракунӣ ба хотири таъмини амният, рушди пойдори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба тарзи муташаккил ва моҳиятан аломатҳои устувори қонунмандӣ мегиранд. Вазифаи асосии давлат таъмин намудани зиндагии осоиштаи ҷомеа дар асоси дифферентсиатсия, тақсимоти салоҳият, таъини меъёрҳои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошад.
Истилоҳоти давлат ва истиқлол ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ тавъам ва аз ҳам ҷудонопазир мебошанд.
Худи «давлат» мафҳуми воқеӣ, объективӣ ва илмӣ аст. Дар фазо ва вақт ба сифати организми зинда ҳузур мекунад. Хосияти яклухтӣ, мухторӣ ва озодманишӣ дорад. Аммо чунин тарзи мавҷудият, ҳамзамон, аз чанд омили ҳаётан муҳим вобаста аст. Бо инкор кардан, зери шубҳа гузоштан, рахна ворид намудан ба яке аз онҳо система, сохтор ва функсияҳои давлат, дар умум, фалаҷ мегарданд. Ва оқибат худи он чун организми мураккаби ҷомеа рӯ ба шикаст меорад.
Яке аз ин ҷанбаҳо муҳтаво ва сохтори ҷаҳонбинии мардуми кишвар мебошад. Он ҷабҳаи мураккаб, нозук ва осебпазири давлатдорӣ аст.
Дар доираи муҳтавои шуур, ҷаҳонбинии сиёсӣ шакли фаҳмидан, дарк кардан, аз лиҳози маънавӣ ворид гаштан ба арзишҳои муассисаи сиёсии ҳукмрони ҷомеа, ба тарзи амалӣ, руҳӣ аз худ кардани моҳияти идораи давлат аст.
Ҷаҳонбинии сиёсӣ воситаи дарки ҳақиқати ҳаётии давлатдорӣ, ташаккули муносибати шаҳрванд ба сохти сиёсӣ тавассути арзишҳои бунёдии он, муҳимтарин воситаи ба танзим даровардани муҳтавои алоқамандии давлат ва ҷомеа дар доираи ҳуқуқ ва вазифаҳои якдигар мебошад.
Мувофиқати муҳтавои ҷаҳонбинии омма ба сохти давлатдорӣ ҳамчун замонати бардавомӣ, устувории сиёсӣ ва итминони аҳолии мамлакат, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба пешгӯӣ ва ояндасозии маҷмуи муносибатҳо дар қаламрави давлат ба ҳисоб гирифта мешавад.
Сохти идораи давлати миллӣ, ки маҳз ба хотири он кишвар номниҳод гаштааст, натиҷаи изҳори озоди иродаи халқ эътироф шудааст, бо кулли имконот ҳуқуқ ва уҳдадории интихоб, коркард, пуштибонӣ ва пешбурди ҷаҳонбинии мувофиқ ба низоми конститутсиониро дорад. Хунукназарӣ, духӯрагӣ, саҳлнигарӣ дар мавриди муайянкунандагӣ, ҳимоя ва амалкарди ҷаҳонбинии сиёсӣ, маънои ба буҳрон ворид кардани давлат ва зери суол бурдани онро дар назар дорад. Таҷрибаи байналхалқӣ ҳам ҳамин хулосаро исбот мекунад.
ДАРКИ ВОҚЕИИ МАНФИАТ
Ҷаҳонбинии миллӣ дар давлати миллӣ ягона мафҳуми заминӣ, воқеӣ, материалӣ ва арзишманд аст. Муҳтавои онро миллат, давлатдории миллӣ ва сиёсати амалӣ дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ муайян мекунанд. Дар маркази баҳси маънавиёти миллӣ ҳам манфиат меистад.
Ҳангоми муҳокимаронӣ дар масъалаи баҳси манфиатҳо он нукта муҳим аст, ки кадом гурӯҳ чӣ гуна арзишҳоро ҳимоя мекунад. Ва ин арзишҳо манфиати кадом табақа, гурӯҳҳои иҷтимоиро дар назар доранд ва ташвиқу тарғиб менамоянд. Агар давлат бо номи миллат арзи вуҷуд дошта бошад, дар маҷмуъ, муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии мардум чанд ҳиссаи манфиатҳои миллӣ (хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, эҳсоси садоқат ба Ватани аҷдодӣ ва ҳимоят аз он, тамаддун ва фарҳанги миллӣ, анъана, урфу одат ва расму русуми миллӣ)-ро ифода мекунад?
Ин мафҳуми калидиро гурӯҳҳо, табақаҳои сиёсӣ, алалхусус, пешоҳангони хурофоту таассуб чӣ тавр асоснок мекунанд?
Ба хотири воқеъбинӣ, истиснои раҳгумиву ғафлатзадагӣ ва ояндабинӣ бояд донист, ки таносуби ҷаҳонбинии миллӣ ва дар муқобили он дидгоҳи таассубу хурофот ва эҳсоси бегонапарастӣ дар ҷомеаи имрӯза чӣ гуна аст?
Ва агар дониста бошем, номутаносибии ҷаҳонбиниро бар зарари меъёрҳои конститутсионӣ сабаб чист? Ва чӣ бояд кард?
Мутаассифона, таҷрибаи таърихии мардуми олам нишон медиҳад, ки инсонҳо на танҳо аз лиҳози антропологӣ ва генетикиву физиологӣ, балки аз ҷиҳати руҳию равонӣ, дараҷа, сифат ва умқи фикрронӣ, дар муносибат бо имкони дарки воқеияти ҳастӣ аз ҳам фарқ мекунанд.
Аммо донишандӯзӣ, маърифатнокӣ, кӯшиши донистани ҳақиқати олам, баҳрагирии муқоисавӣ аз таҷрибаи рӯзгор, омилҳои тарбиявӣ метавонад тасаввуроти табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба шинохти баробарвазни раванд ва оқибати вазъ наздик кунад.
Маълум аст, ки решаи калимаи манфиат «нафъ» (фоида) аст. Дар адабиёти сиёсӣ ин мафҳум тавассути сухани лотинии «interest» ифода мегардад. Тарҷумаи таҳтуллафзии он «муҳим», «зарур» буданро мефаҳмонад. «Интерес» ифодакунандаи истилоҳи «иқтисодӣ», «арзишӣ» аст. Чизе, ки маънии ҳамсанги молӣ, моддӣ дорад, дар назар дошта мешавад.
Таҳлили тамоми рӯйдодҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки аз одӣ то мураккаб – кӯшишҳои афрод, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, ҳизбҳо, синфҳо, давлатҳо қатъиян дар доираи м а н ф и а т амалӣ карда мешаванд. Дар маркази дарки ҳамин гуна манфиатҳо, сарфи назар аз шакли тафсир ва муаррифии онҳо, тавре хотирнишон шуд, арзишҳои моддӣ, материалӣ, иқтисодӣ, яъне фоида меистанд. Дар ин маврид, фарзияи дигар вуҷуд надорад. Дошта ҳам наметавонад. Масалан, агар бар ивази дуои мулло, дуои хубтар аз он ба ӯ дода шавад, шубҳаовар аст, ки шахси руҳонӣ аз ин амал қаноатманд гардад.
Ҳамин тариқ, дар доираи муносиботи сиёсӣ «манфиат» гуфта, маҷмуи воқеияти реалӣ – ашёи моддӣ, арзишманд, назария, таҷрибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангиро меноманд, ки ахиран, ба субот, рушди иқтисодӣ ва имконоти мудофиавии кишвар дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.
Аз ин лиҳоз, эътиқод, тасаввур, хаёлот, орзуву ормони ғайриилмӣ, таассуб, хурофот, фанатизм, дилбастагӣ ба мавҳумот ва абстраксия наметавонанд ҷойгоҳи манфиатро иваз кунанд.
Дар доираи фаҳми категорияи м а н ф и а т ҳар қадар дур рафтан, фосила гирифтан аз арзишҳои иқтисодӣ, модӣ, молӣ, материалӣ, заминӣ, ҳамон қадар маънои наздик шудан ба камхирадӣ, таассуб, раҳгумзадагӣ, дурӯғ ва фиребро дорад.
Бо чунин каромоти ҷаҳонбинии кӯркӯрона, ки гӯё метавонад ҷомеа ё ҳадди ақал як фардро хушбахт кунад, аз эътиқодмандони одӣ, сода, қаторӣ, гумроҳ сар карда то террористони худкуш, ба завқи чашидани «шаҳди шаҳодат» бовар мекунанд.
Шахси соҳибмаърифат ва боандеша ин ақидаҳоро ботил мешуморад.
Аммо «ба нохун роҳ дар хоро буридан, фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор басе осонтар» аз бозсозӣ ва дигаргун сохтани шуури онҳоест, ки гирифтори ҳамин тарзи ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ) ва бедалел ҳастанд.
Ана, ҳамин аст дастоварди бузурги воқеӣ ва таърихии ононе, ки мехостанд ва мехоҳанд мардуми мусулмонро як умр ғулом, дастнигар, мутеъ, ҷоҳил, вобаста ва олоти муборизаи худӣ дар муқобили худиҳо, завқманди рехтани хуни якдигар бинанд. Аз дур мусулмононро наззора ва идора кунанд. Боз бо истифодаи маводи зинда бо номи одам дар масири идораи олам барномаҳои дигар омода созанд. Манфиатҳои навбатӣ ва беохири худро думбол кунанд.
Муваффақияти дуюм ва дастоварди ниҳоят хатарноки душманони мо иборат аз он аст, ки таассуб, хурофот, фанатизми динӣ – мазҳабӣ, эҳсоси Тоҷик будан, Тоҷикият, эҳтиром, муҳаббат ва садоқатро ба мафҳуми Миллат, Ватан ва Ватандорӣ нобуд месозад. Ба сифр мубаддал мегардонад. Ҳамчун лашкари бепул дасти ифротгароён, террористонро аз ҳисоби фарзандони ҳамин миллат, дар муқобили ҳарими муқаддаси бунёди давлатсозӣ, давлатдории миллӣ, марзу бум ва суботи он боз мекунад.
Аз ин намунаҳо дар мисолҳои таърихӣ ва давраи муосири воқеии Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи он ҳазоронанд.
Аз ин лиҳоз, дарки м а н ф и а т, аз ҷумла, манофеи миллӣ муҳимтарин вазифаи маорифи саросарии кишвар, воситаи моил намудани омма ба арзишҳои тамаддунӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ба ин восита пешгирӣ кардани бархӯрди омма бо хатари эҳтимолии фоҷиаи умумимиллӣ мебошад.
Фосила гирифтан аз арзишҳои миллӣ, саҷда овардан ба хурофот ва фарҳанги бегона ҳамчун натиҷа раванди босуръати рӯз то рӯз ифротишавии ҷомеа, ҷилвагар шудани номи намояндагони миллат дар ҳар кунҷу канори дунё дар алоқамандӣ бо кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ обрӯ ва манзалати миллатро дар назди оламиён шадидан коста мегардонад. Самтгирии наврасону ҷавононро ҷониби ҷодаи шикасти манзалат ва маънавиёти миллӣ меафзояд. Пояҳои давлати миллиро ноустувор месозад. Ояндаи давлатдории миллӣ ва сулҳу суботи кишварро зери суол мебарад.
ЭЪТИМОДНОКИИ СУБОТ
Барои ояндабинии системаҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар давлатҳои ба мо маълум, сохтор, меъёр ва мафҳумҳое истифода мешаванд, ки сифатҳои устувории сохти конститутсиониро дар
л а ҳ з а ҳ о и б у ҳ р о н ӣ назорат мекунанд, ба инобат мегиранд ва ба он кафолат медиҳанд.
Аз сӯйи дигар давлати мо дар оилаи бузурги халқҳо зиндагӣ мекунад. Ва ҳаёти он аз системаи ягонаи амнияти байналхалқӣ низ вобастагӣ дорад. Аммо афсӯс, ки «ин аҷуза арӯси ҳазор домод аст» (Ҳофиз).
Ҳамчунон, «таҷриба ва таърих меомӯзад, ки халқҳо ва ҳукуматҳо ягон вақт, ягон чизро аз таърих наомӯхтаанд ва тибқи намунаҳое, ки бояд аз он сабақ мегирифтанд, амал накардаанд». (Гегель за 90 минут. – М.: Изд. «Астрель». 2003. – С. 60).
Идомаи ҳолати устувори фоҷиабарангезии тақдири умумибашариро сабаб ҳамин аст.
Дар ҳама давру замон масъулияти таъмини системаи амният ва суботи ҷомеа бар дӯши давлат аст. Онро ҳамчун организми ягонаи зиндаи миллат дар фазо ва вақт донистан мумкин аст. Гузашта аз ин, дар маҷмуи ягонаи созмонҳои байналхалқии минтақавӣ ва универсалӣ субъекти дигаре, ки кафолати оромӣ ва осудагии як давлати дигарро диҳад, вуҷуд надорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, барои таъмини эътимодбахши суботи ҷомеа механизмҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, идеологии дохилидавлатие бояд амал кунанд, ки замонати худро дар лаҳзаҳои фавқулодаи дохилӣ ва берунӣ барои таъмини амнияти давлат устуворона нишон диҳанд.
НАМУНАИ ТАЪРИХИИ ЭҲЁИ МИЛЛӢ
Чун тамоми рӯйдодҳои олам маҳсули амали мақсадноки Инсонанд, бознигарӣ ва беҳбуд бахшидани ҳаёти Одам, муттасил комил гардонидани дониш, хирад ва фаросати ӯ муҳимтарин вазифаи мардуми солимфикр мебошад.
Барои хосияти устувор бахшидан ба идораи давлат ва сохти давлатдорӣ, миллатҳои пешқадам ва ҳушманди олам аз худ намунаи рафторҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ нишон додаанд. Ин таҷриба лоиқи пажӯҳиш, омӯзиш, арзёбӣ ва пайравӣ аст.
Яке аз чунин гардишҳои бузурги Дунёи Куҳан, Даврони Эҳё мебошад.
Аврупо бо ин бузургӣ Даврони Эҳёи худро ҳафтсад сол (!) қабл, дар нимаи дуюми асри ХIV оғоз кард.
Мақсади аслии ин таҳаввулот ба замон, талабот, ниёзҳои рӯзафзуни иқтисодӣ ва иҷтимоии инсон мувофиқ кунонидани ҷаҳонбинӣ – ҳолати руҳӣ, равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва маънавии ҷомеа тавассути инқилоб дар соҳаи маориф, илму техника, фарҳанг ва маданият ба ҳисоб мерафт.
Эҳёи миллии Аврупоро сабаб он буд, ки аз замони салтанати Масеҳият – дини насронӣ, наздик ба якуним ҳазор сол мегузашт. Талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум хостори таҳаввулот ва пешравӣ буданд. Ин ниёзмандиҳо ба манфиати руҳониён, калисо созгор намеомад. Дар шароити Ақлсолорӣ, Хирадгароӣ, Тақдирнописандӣ, пешрафти илму техника, Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллии мардум, ки ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафсири ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккури руҳоният комилан мувофиқат намекард, ин тоифа обрӯ, нуфуз, оқибат ҳукумат – манфиати худро аз даст медод.
Тарзе хотирнишон гардид, низоми динӣ, ки якуним ҳазор сол қабл тавлид ва тавассути ҷангҳои салибӣ устувор шуда буд, бо гузашти асрҳо, бо таҳаввулот ва талаботи зиндагии нав дар тазод ва низои воқеӣ ворид гашт. Натиҷаи ин гуна нофаҳмиҳо байни руҳонияти мусаллаҳ бо ҷаҳонбинии ба муддати садсолаҳо ақибмонда ва зиёиён, мардуми тараққихоҳ, воқеънигар ва навовар бо қатлу куштор ва террори охириҳо анҷом меёфт.
Аз лиҳози дигар, синфи соҳибтафаккур ва барои тақдири таърихии миллати хеш эҳсоси масъулиятдоштаи Аврупо ҳолати рукуд, тангу тори хурофотии асримиёнагиро барои инсонҳо як навъ зиндони яхбастаи иртиҷоии бадбахтиҳои мардумӣ, замони тантанаи ҷаҳолат, нодонӣ ва навъи ваҳшоният номида, ин асрҳоро сифр, танаффуси хафақоновар дар тӯли ҳаёти бебозгашти инсонҳо, инкори зиндагӣ ва ситамгарӣ ном бурданд. Хостанд ба ақибмондагӣ ва ҳолати ба бунбаст гирифторшудаи афкор ва аъмоли ҷомеа д о д г у с т а р и и х и р а д м а н д о н а намоянд. Ба он хотима бахшанд. Фаҳмиш, дарк, назария ва амалияеро, ки бо истилоҳи ба ном «ҳаёти асримиёнагӣ» машҳур буд, ба шикасту нобудӣ расонанд. Ҳамин тариқ, нақши таърихии хеш – пешсаф ва равшангари тақдири мардумӣ буданро исбот намоянд.
Тавре маълум аст, равияи Эҳё зиёда аз ду асрро дар бар гирифт. Дар ин давра дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа инқилоби маънавӣ ба вуқӯъ пайваст: ба ҷараёнҳои тафаккури ифротии динӣ, ваҳшатгароӣ, хурофотпарастӣ хотима дода шуд (1); раванди авҷ гирифтани гароиши оммаи мардум ба зулмоти асримиёнагӣ – илмситезии хушунатомез қатъ гардид (2); дар илмҳои табиатшиносӣ ва технология, фалсафа, педагогика ва маориф, санъати меъморӣ, архитектура, театр ва мусиқӣ дигаргуниҳои бунёдӣ роҳандозӣ шуданд(3).
Таърихнигорони Ғарб ин таҳаввулотро н у қ т а г у з о р ӣ ба ҳаёти а с р и м и ё н а г ӣ ва оғози давраи нави ҳаёти Дунёи Куҳан ном мебаранд.
Истифодаи истилоҳи «Эҳё», албатта, ба моҳияти кулли ҳодисаҳое, ки ҷомеаи Аврупоро фаро мегирифтанд, мувофиқати пурра надошт. Аммо мақсад аз чунин ном гирифтани ҳаракат, кӯшиши пайдо кардани нуқтаи такягоҳи таърихӣ – маънавӣ ба ҳисоб мерафт. Зарур буд, ки як заминаи устувори бунёдӣ интихоб ва эълон гардад, то барои хоссу ом ангезаҳои ҷунбиши навсозии зиддихурофотӣ асоснок ва фаҳмо бошад.
Баъдан таърих исбот кард, ки чунин тарзи интихоби шаклгирии ҳаракат барои эҳёи миллӣ беҳтарин воситаи сулҳомези мубориза барои расидан ба мақсади ниҳоӣ, рушду тараққии мамлакатҳои Аврупо буд. Ба тарзи дигар, даврони Эҳё замони шикасти зиндагии, тарзе ки худи ташаббускорони ин маъракаи бузурги азнавсозии олам ном мебурданд, «ваҳшонияти асримиёнагӣ» ва оғози даврони ҳаёти нав маҳсуб гардид.
Аз нигоҳи илмӣ, даврони Эҳё зарурати таърихии нобуд сохтани қолаби куҳна, озод кардани майнаи аз таъсири хурофот шахшудамонда ва ба хатари барои ҷомеа марговар мубаддалгаштаи таассуб, маърифатситезии «аксарият» дар қиболи «ақаллият»-и озодандеш буд.
Чун олимони Даврони Эҳё аз мардуми ҳушманди замони худ буданд ва масъулияти ба дӯши онҳо гузошташударо хуб эҳсос мекарданд, инқилоби хешро аз ҷодаи илм, маориф, адабиёту санъат, аз «тарҳи нав дарандохтан» дар ҷаҳонбинии мардум оғоз карданд.
Зиёиёни эҳёгари воқеан р ӯ и н т а н ва с о з а н д а муътақид буданд, ки маҷмуи ҷаҳонбиниҳои пешрафтаи башарӣ доир ба олам, одам, табиат ва умуман ҳастӣ қудрати ифодаи ҷанбаҳои моҳиятии тарзи зисти инсонро доранд. Гузашта аз ин, ин донишҳо воситаи тағйири сифатии воқеияти зиндагӣ мебошанд.
Ташаббускорони Даврони Эҳё ҳамчунон хуб дарк мекарданд, барои ҷомеае, ки пешрафти иқтисодиёт ва дараҷаи тараққии ҳаёти иҷтимоии он ниёз ба таҳаввулоти инқилобӣ дорад, сохтор, муҳтаво ва сифати ҷаҳонбинии омма нисбат ба механизм ва мантиқи рушди иҷтимоӣ, мебояд дар таносуби пурра бошад.
Ҳамзамон бо ин, эҳёгарон ба хулоса омаданд, ки бидуни сохтани давлати миллӣ, ки манфиатҳои заминии миллат ва давлатро таъмин карда тавонад, ташкили зиндагии шарафмандонаи ҷомеа ғайриимкон аст.
Худи истилоҳи «миллат» ва «давлати миллӣ» аз лиҳози мантиқ мафҳумҳои илмӣ, дунявӣ, воқеӣ, тараққиниҳод ва заминӣ ҳастанд. Мустақилияти сиёсӣ, рушд ва пешрафтро дар доираи манфиатҳои миллат дар назар доранд.
Яъне мафҳумҳои рушд ва зиндагии шоиста бо моҳияти давлати миллӣ тавъаманд. Дар он ҷаҳонбинии сиёсӣ, бадеӣ, фарҳангӣ ва динӣ ба манфиати миллат хизмат мекунад. Дар роҳи инкишофи устувори миллӣ якдигарро пурра мегардонад. Кумак менамояд.
Саромадони Даврони Эҳё таъкид мекарданд, ки тараққиёт ва суботи ҷомеа наметавонад бидуни ҷаҳонбинӣ, маънавиёти сиёсии илман асоснокгардида ва дар таҷриба санҷидашуда, пешрав, пешсаф ва баранда бошад.
Онҳо масъалагузорӣ мекарданд, ки давлати миллӣ ба маҷмуи ҷаҳонбиниҳои илман асосноккардашуда, ки талаботи тамоюли воқеии иҷтимоиро қонеъ карда тавонад, зарурати шадид дорад. Ва муҳимтар аз ҳама, ин ҷаҳонбинӣ дар муқобили тамоми равияҳои мафкуравии иртиҷоӣ ва хурофотие, ки пеши роҳи мақсадҳои бунёдии давлати бо ном ва ба хотири миллат асосёфтаро мегиранд, истодагарӣ намояд.
Албатта, масъалаи марказии Даврони Эҳёи миллӣ масъалаи мафкураи динӣ буд. Зеро дин қисми таркибии ҷаҳонбинии халқу миллатҳо маҳсуб мегардид. Аммо Эҳёгарон дарк намуданд, ки танҳо аз дастҳо сӯи осмон ва саҷда кардан ба Папаи Рим масъалаи истиқлоли миллат ва рушду тараққии давлат ҳаллу фасл намешавад. Барои ҳамин, дар Даврони Эҳё истилоҳи гуманизм (аз калимаи лотинӣ – одамӣ, инсонӣ) ҳамчун мафҳуми ифодакунандаи манфиати ягона мавҷуди бошуур, соҳиби ақлу заковат ва илму маърифати олам – одам истифода мешуд.
Маҳз дар ҳамин давра, з и ё и ё н и бозпаснигари ояндабин дар бораи фош кардани муқаддасоту саҷдагоҳҳои бидуни эътимоди маънавӣ ва таърихӣ, ки хурофотпарастон барои нигаҳдории обрӯи сохта, манзалат ва таъсири худ асрҳо боз фикр карда бароварда, аз «ҳисоб»-и онҳо рӯзгузаронии худро таъмин мекарданд, бо истифода аз абзори нарм – тавассути имконоти а д а б и ё т у с а н ъ а т ва фарҳанг ифшо намуда, ба ивази он с а н ъ а т и в о қ е и и м и л л ӣ, маҳсули Ақл ва дидгоҳи одамиро ба намоиш гузоштанд. Бепоягии урфу одат ва анъанаҳои бофтабаровардаи хурофотпарастонро мавриди ошкорбаёнии мубоҳисавӣ қарор дода, зарурати сарфи назар кардан аз онҳоро ба оммаи мардум фаҳмониданд.
Баъдан, бо гузашти солҳо, олимони машҳури асрҳои XVIII – XIX – и Аврупо хизматҳои ҳаётбахш ва таърихии зиёиён, баёнгарони азамати руҳ ва халлоқияти тавонои Даврони Эҳёро бо сипоси зиёд ёдовар шуда, гаштаву баргашта таъкид намуданд: «Дар назди Ғарби ба шигифтафтода, ҷаҳони нав кушода шуд – Юнони Қадим. Дар пеши образҳои шуълапоши он арвоҳҳои асримиёнагӣ аз байн рафтанд. Гӯё ки аз нав сайёраи Замин кашф шуда бошад, ба ҳукумати руҳонии калисо шикаст ворид гардид…, ин бузургтарин инқилоби тараққихоҳӣ дар тӯли ҳаёти инсонӣ, дар кулли давраҳои азсаргузаронидаи одамӣ буд, ки ниёз ба мутафаккирони бузург дошт ва шароит фароҳам оварда шуд чунин нобиғаҳои илму маърифат тавлид шаванд, ки аз лиҳози қудрат кӯҳсутуне бошанд бо хислатҳои бузурги донишҳои ҳамагонии ҷаҳоншиносӣ ва хиради фаро-гир» (Диалектикаи табиат. – М.: 1950. – С. 3-4).
Даврони Эҳё ба мафҳумҳои воқеӣ ва сиёсии Забон, Миллат, Ватан ва ватандорӣ асос гузошт. Руҳи мардум ба манфиатҳои заминӣ, марзу бум, рушду тараққии сарзамини аҷдодӣ мутаваҷҷеҳ гардид. Юғи бегонапарастӣ, саҷда овардан ба муқаддасоти ғайримиллӣ, космополитикӣ аз гардани мардуми авом бардошта шуд. Акнун ҳар намояндаи миллатҳои аврупоӣ аз кишвари худ, аз миллати худ, аз қаҳрамонҳои миллии худ ифтихор мекард. Маҳз онҳоро тараннум менамуд. Барои наслҳо ҳамчун намунаи рафтор ташвиқу тарғиб мекард.
Беҳтарин натиҷаи Даврони Эҳё эҳсос ва тамоюли бузурги омма ҳамчун миллатҳои зери таъсири сиёсат, адабиёт, фарҳанг ва маданияти миллӣ ташаккулёфта, ба таъсиси давлат ва ҳукуматҳои пурқувват барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ буд.
Маҳз ин ҳиссиёт дар баробари олимон ва ихтироъкорони бузург, ки барои иқтидори иқтисодӣ ва мудофиавии давлатҳои миллӣ кор мекарданд, наслҳои нави давлатмардон ва сиёсатмадоронро рӯйи саҳна овард. Онҳо бо тамоми неру ва бо такя ба илм барои эҳёи ватани воқеӣ, на ормонӣ ва космополитикӣ, бо ҳисси Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллӣ шурӯъ карданд.
РУҲОНИЯТ ВА ДАВРОНИ ЭҲЁ
Тавре таъкид гардид, яке аз масъалаҳои марказии даврони Эҳё азнавсозӣ ва б а м а н ф и а т ҳ о и м и л л ӣ м у в о ф и қ гардонидани т а ъ и н о т, н а з а р и я ва а м а л и я и д и н буд. Ташаббускорони ҳаракат муътақид буданд, ки бидуни мутобиқкунонии таълимот, ташвиқот ва таҷрибаи кори ходимони дин, фаъолияти калисоҳо ба мақсадҳои истиқлоли миллӣ эҳёи миллӣ ва рушду тараққии он ҳамчун зуҳуроти ормонӣ ва шиори хушку холӣ боқӣ хоҳад монд.
Яке аз намояндагони Даврони Эҳё Сервантес таъкид мекард, ки мардуми зери асорати зеҳнии миллатҳои бегона қароргирифта, мисли лойи кулолест дар дасти аҷнабиён, ки ҳар асбобе хоҳанд аз он месозанд ва истифода мекунанд. Миллат бояд ҷаҳонбинӣ, дидгоҳ, маънавиёти ягонаи худро дошта бошад. Онро эҳсоси ягонаи умумияти таърихӣ – ирсият, урфу одат ва мафкураи ягонаи миллӣ муттаҳид намояд, на ташвиқи бепояи фарҳанги аҷнабӣ.
Маҳз ба ҳамин хотир Эҳёгарон интихобан бо беҳтарин ходимони дин, роҳибон, диншиносон, донандагони Инҷил, ки аз мардуми соҳибмаърифат буданду ҳиссиёти баланди ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ доштанд, ба ҳам омаданд. Хулосабардорӣ карданд, ки муддати садсолаҳо муллоҳои манфиатҷӯ ба Инҷил ва дигар адабиёти тафсири он нуктаҳоеро худсарона илова кардаанд, ки танҳо ба манфиат ва манзалати шахсии табақаи руҳонӣ хизмат мекунанд.
Бисёре аз чунин иловаҳои сохта ва тафсирҳои бофта ба сарчашмаи хурофоту таассуб ва манбаи даромади ходимони дин мубаддал гаштаанд. Ба эҳсос ва ташаккули бегонапарастӣ, ҷаҳонватанӣ (беватанӣ)-и боис гардидаанд.
Ба ҳамин хотир, яке аз шахсиятҳои маъруфи дини католикӣ Эразм Роттердамский (1466-1536) ташаббускорона китоби Инҷилро аз рӯйи матни интиқодии забони юнонӣ ба забони лотинӣ тарҷума карда, бисёре аз таҳрифу каҷнависии матнҳои пешинаро ошкор ва ислоҳ кард.
Ҳамзамон бо ин, қисмате аз нуктаҳои ҳассоси ин китоби муқаддасро ба манфиати инсонҳо одилона тафсир намуд ва дар доираи руҳи Даврони Эҳё, ки пешрафт ва зиндагии шоистаи Одамро дар назар дошт, шарҳ дод. Бо ин амали инсонпарварона, барои тараққии ҷомеа дар доираи ҳадафҳои ин инқилоби бузурги маънавӣ хизмати сазовору мондагор кард.
Бузургтарин намояндаи ин равия руҳонии машҳури немис Мартин Лютер (1483-1546) буд. Ӯ ба мардуми худ, ба ибодаткунандагон эълон дошт: «Оғоз аз ин лаҳза баромадан аз зери султаи бегонагон, Папаи Рим вазифаи ҷонии ҳар як немис аст!».
Мартин ба ҳамватанони худ чунин муроҷиат кард: «Ман қарори қатъӣ қабул кардам: зери роҳбарии ман китоби муқаддаси мо, Инҷил ҳарчи тезтар ба забони немисӣ тарҷума карда шавад. Ва минбаъд намоз гузоштан, ибодат кардан, тамоми маърака ва маросимҳои динӣ танҳо ба забони модарии мо – ба забони немисӣ сурат мегирад!».
Таърихчиён бар ин ақидаанд, ки Мартин Лютери руҳонӣ яке аз ташаббускорони сохтани давлати миллии немисҳо мебошад. Дар он манзалати миллати немис аз ҷумлаи муқадасоти аввалиндараҷа ҳисобида мешавад.
Ба ақидаи ин донишманди руҳонӣ: «Дар дунё ҳама чиз тағйир меёбад. Иваз мешавад. Инсон метавонад, ҳатто дини худро табдил диҳад. Аммо ягона чизе, ки аз рӯзи тавлид то дами марг тағйирнаёбанда аст ва абадӣ мемонад, Миллат аст».
Ба ҳамин хотир, ҳанӯз ҳафтсад сол қабл аз байни ходимони соҳибмаърифати калисо олимон, шахсони донишманд, муассир ва бонуфуз ва ҳамзамон бо ин, миллатпараст ва ватандӯсте рӯйи саҳна омаданд, ки аз мавқеи зиёиёни миллӣ, бо роҳу воситаи худ ҷонибдорӣ намуданд. Ба сафи онҳо гузаштанд. Фаъолияти калисоро ба шароити талаботи Даврони Эҳё мувофиқ гардониданд. Аз манфиатҳои миллии худ қотеона ҳимоя намуданд. Нуктае, ки таваҷҷуҳи ходимони динии баномуси асримиёнагиро ба худ ҷалб кард, эҳёи ғурури миллии онҳо дар муқобили бегонагон, урфу одати ба таърихи миллати эшон носозгор ва принсипи иҷбории саҷда овардан ба забон ва расму русуми миллии аҷнабиён буд.
Яке аз муҳимтарин тағйироти Даврони Эҳё дар байни ходимони дин, ғолибияти эҳсоси бузурги ватанпарастӣ ва миллатдӯстии хизматгорони калисо буд.
Ин вазъият ба раванди бузурги таърихӣ ҳамоҳанг шуд ва ба мақсади манфиатҳои миллӣ хизмати шоиста кард.
Он тараққиёту таҳаввулот, зиндагии шоистаеро, ки мо имрӯз дар Аврупо мебинем ва мутаассифона, дар ҳолати вобастагии ақлонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва геополитикии он қарор дорем, аз ҷумлаи натиҷаи ҳамин Даврони Эҳё аст.
ЭҲЁИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ
Аз кӯшиши таҳлили ниҳоят мухтасари даврони Эҳё, боз ҳам зарурати ба хотир овардани назарияи моҳият ва қонунмандии шаклҳои дарки олами ҳастӣ бармеояд.
Дар ин маврид таҳаввулоти ҳаёт ва сарчашмаҳои рушди он барои зиндагии шоистаи инсон мавзуи асосӣ мебошад.
Дар вобастагӣ ба масъала, муҳим аст дарк гардад, ки роҳу воситаи асосии аз худ кардани ҷавҳари ҳастӣ аз чӣ иборат аст? Манбаъ ва қувваҳои воқеии ҳаракатдиҳандаи он кадомҳоанд? Инсон кай, дар кадом шароит метавонад аз як зина ба зинаи дигари зиндагии сазовор қадам гузорад? Ҳақиқати маънавӣ чист? Таносуби донишҳои дунявӣ бо эътиқоду боварӣ, мавҳум, хурофотӣ, таассуб дар муносибат бо таҷрибаи зиндагӣ, ки асоси ҳама гуна фаҳмиши ҳақиқати заминиву осмонӣ дар доираи дарки манфиат аст, дар чӣ зуҳур меёбад? Чӣ тавр оммаи мардуми дар завлонаи ихтиёрӣ ва ифтихоримонда аз он як навъ лаззати маънавӣ мебаранд ва бо қаноатмандӣ ҳазорҳо қурбониҳои ҷониву молӣ, руҳиву равонӣ медиҳанд, аз ин мурдоб ё ботлоқи ҳалокатбор халос шаванд? Иҷрои чунин вазифаро мисли Даврони Эҳё кӣ ба дӯши худ мегирад?
Аз даврони Эҳёи Дунёи Куҳан, ки мардуми Аврупоро ба рӯзгори имрӯза овард ва ҷаҳонро бо илму маърифат тасхир кард, чанд аср гузашт.
Аммо бедории воқеии миллии хосияти умумихалқидошта бар пояи А қ л, Х и р а д, М а н т и қ, маънавиёт ва манфиатҳои миллии мо кай оғоз мешавад, ки мисли имрӯз фақат зоҳирӣ ва намоишкорона набошад? Х и р а д г а р о ӣ ва А қ л с о л о р ӣ аз хурд то бузург, фарогири кулли табақаҳои ҷамъиятӣ ва мояи ифтихори мардум – Миллат ва саҷдагоҳаш Ватан гардад.
ДАВРОНИ ЭҲЁИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки Даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид.
Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд.
Бо ҷашн гирифтани 1100 – солагии давлати Сомониён (соли 1999), эълони Соли тамаддуни Ориёӣ (соли 2006), навиштани асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996, 2002, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ва чандин таълифоти илмӣ – таърихӣ, с о х т м о н и и н ш о о т ҳ о и б у н ё д и и а с р Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, зиндакунандаи маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, раҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро ба истифода аз ин ганҷи бепоён, санадҳои худшиносиву меҳанпарастӣ, истиқлолхоҳиву меҳанпарастӣ даъват кард.
Яъне Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд.
Намунаи чунин шефтагӣ ва садоқатмандии миллӣ дар таърих камшумор аст.
Бо такя ба таълимоти Пешвои муаззами миллат бояд таъкид кард, ки чунин шонс (имконият, иқбол, умед)-и фавқулода ва нотакрор барои як халқ дар тӯли садсолаҳо як бор падид меояд. Ва ҳамватанони мо, ки ҳазор сол азияти бедавлатӣ ва ғуломиро кашидаанд, зарурати ҳаётӣ аст ҳама сар ба сар эҳсоси масъулияти миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ намоянд. Аз ҷаҳолати рӯ ба афзоиши оммавӣ худдорӣ кунанд.
Аммо боиси афсӯс аст, ки дар ҳоли ҳозир, тамоюл ба таассубу хурофот ва дар ин асос зиёдаравӣ, гаравидан ба ҷараёнҳои динии ифротӣ, беэътиноӣ ба раванди ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар даҳсолаҳо қафо мондааст. Ин ҷараён хилофи ояндаи босуботи давлатдории миллӣ мебошад.
Бо изҳори таассуф таъкид бояд кард, ки раванди амалисозӣ гаштани ташаббуси таърихии Даврони Эҳёи миллати тоҷик хосияти зоҳирпарастона ва ҳисоботдиҳӣ касб кард. Дар мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории миллӣ ва шикасти руҳияи саҷдагорӣ ба фарҳанги бегонагон, раванди таассуб, хурофот, ки асоси маънавиёти ифротгароӣ ва терроризм мебошанд, ҳамчун амали муассир ба майдони набарди воқеӣ в о р и д г а ш т а натавонист.
Сифати амалкарди системаи ягонаи таъмини асосҳои бунёдии маъавиёти миллӣ (ғояҳо, ҷаҳонбиниҳо, арзишҳои миллӣ – таърихӣ) дар доираи талаботи сохти конститсионӣ ба талаботи замон, ҳифзи боэътимоди амнияти миллӣ ба шароити имрӯз ва ояндаи наздик мувофиқ нест.
Дар ин маврид, баробарвазнии таҳдидҳо, тахассусмандии ташкилоту созмонҳо, афроди алоҳидаи муваззаф ба тахрибкорӣ бар зидди арзишҳои сохти конститутсионӣ ва маҷмуи чорабиниҳое, ки давлат барои ҳимояи худ дар сатҳҳои оила, мактаб, донишгоҳ, муҳит, ҷомеа роҳандозӣ кардааст, мувофиқати пурра надоранд.
Ҳодисаҳои нангин ва ҷиноятҳои сангине, ки дар сатҳи байналхалқӣ, ҷуғрофияи берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар се соли ахир бо иштироки шаҳрвандони мо ба вуқуъ пайвастанд, на танҳо ба манзалат ва обрӯи миллати тоҷик иснод оварданд, балки бонги (аломат, ишорат, хабар, огоҳӣ) хатар барои оромӣ, сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ гардиданд.
Бузургтарин ангезае, ки муҳтавои ҷаҳонбинии шахсро фаро мегирад, и д е я аст. Душманони давлати миллӣ бо ҳаннотӣ ва суиистифода аз дин, ин амалро тавонистанд роҳандозӣ кунанд. Ҷавонони зиёдро гумроҳ ва ба лашкари сарсупурдаи бозигарони геополитикӣ бар зидди манфиатҳо ва обрӯи миллати хеш сафарбар намоянд.
С и с т е м а и м а ъ р и ф а т и и д е о л о г и и умумимиллии мо, мутаассифона, дар доираи м а ф ҳ у м ҳ о, н а з а р и я ҳ о ва қолабҳо амал мекунад, н а б а р а с о с и и д е я ҳ о.
Маҳз идея аст, ки бо тавони истифодаи он на танҳо ҳадаф ифода ва тафсири амалии худро меёбад, балки барои дигаргун сохтани он ба манфиати ташаббускори амал кӯшиш мекунад.
Идея дар муҳтавои худ роҳу воситаи амалӣ кардани хешро дорад. Он ҳадафи худро сидқан меомӯзад. Вобаста ба он мақсаднок амал мекунад, то ҳолати руҳиву равонии фард ё ашхоси мунтахаб ба мақсадҳо мувофиқ гардонида шавад.
Идея ҳаст, ки сараввал мантиқи давра ба давраи амал фаҳмонида, аниқтараш тавассути он муътақид кунонида мешавад. Таҷрибаи таърихӣ ва муосир ҳамин роҳу усулро тасдиқ мекунад.
Идеяҳое, ки Пешвои муаззами миллат солҳои тӯлонӣ расман эълон медорад ва онҳоро дар таҷрибаи амалӣ исбот менамояд, аз нигоҳи мантиқи илмӣ, ҳақиқатнигорӣ ва воқеъбинӣ мукаммалтарин ва пешқадамтарин ғояи маънавӣ дар масири таърихии рушд, пойдории миллати тоҷик ва давлатдории он мебошанд.
Зарур аст, ки ин идеяҳо коркард ва бо истифода аз принсипҳои таърихӣ, таърихӣ – муқоисавӣ, таърихӣ – типологӣ, таърихӣ – генетикӣ, ки ба мавзуи хештаншиносӣ ва худшиносӣ наздик ҳастанд, дар ҷараёни эҳёи миллати тоҷик бо талабот ва шаклу усулҳои рақобатпазир ва самаранок дар тарбияи омма истифода гарданд.
Нимаи дуюми асри ХIV, замоне ки даврони Эҳё дар Аврупо оғоз гардид, ташаббускорон ва дастандаркорони он зиёиёни эҷодкор, олимон буданд. Онҳо ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳаёти ҳаммиллатҳои худро наҷот бахшиданд.
Чун зиёиён ҳамчун табақаи бузург вориди ин ҳаракат гаштанд, онҳо таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб карда тавонистанд. Мардуми одиро муътақид сохтанд, ки ягона роҳи халосӣ аз ғуломӣ, бандагӣ, ақибмондагӣ эҳёи анъанаҳои миллӣ – қадимӣ аст, на он чизе, ки бегонагон ба сари онҳо бор кардаанд. Ва акнун аз он тарзе мехоҳанд, истифода мекунанд.
Мардуми аз лиҳози ирсӣ ҳам ҳушманди Аврупо, тавассути фарҳанги қадима, зина ба зина вориди моҳияти масъала гашта, худро аз таассубу хурофот раҳоӣ бахшиданд.
Истилоҳи Ренессанс (Эҳё)-ро – аз нав таваллуд гаштан, эҳё шудан ва «яке аз бузургтарин давраҳои маданӣ – таърихӣ, нуқтаи гардиши куллӣ дар таърихи Аврупо байни Асрҳои Миёна ва Замони Нав, ки фарҳанги ҷадиди Аврупоро бунёд гузоштааст», ном мебаранд. Ба хотири сипосгузорӣ ба насле, ки миллатро аз ҷоҳилият, аз банди хурофоту таассуб ва торикиву зулмот раҳо кардааст, он давраро ҳамчунон бо ифтихори бузург, бо ҳарфҳои калон «Замони Нави Барвақтӣ» ном ниҳодаанд.
«Барвақтӣ» ном гирифтан тавассути Ҳаракати Эҳё маънои нисбат ба халқҳои дигари дунё, ки то кунун дар банди ҷаҳолат, таассубу хурофоту «каромот»-анд ва ҳамин тариқ, аз ғуломони ҷисмониву маънавӣ, дастнигару корафтодаи дигаронанд, пеш рафтан, пешсаф буданро дар назар дорад.
Тавре хотирнишон гардид, миллатҳо аз рӯи хосиятҳои антропологӣ, физиологӣ, генетикӣ, имконоти ақлонӣ ва руҳиву равонӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аммо чунин сифат хосияти нисбӣ дорад, на мутлақ. Мардум дер ё зуд аз дунболи А қ л, Х и р а д, Ф а р о с а т, таъбиру тадбири наку – гуманизм (истилоҳи Даврони Эҳё), воқеънигарӣ ва одамсолорӣ меравад. Аммо чӣ гуна? Чӣ тавр? Бо кадом фоҷиаҳо ва бурду бохтҳо? Азобу шиканҷаҳо? Аврупо, тавре мебинем, ин корро ҳафтсад сол қабл оғоз кард ва муваффақона анҷом бахшид. Чандин наслҳо, аз ҷумла, мо шоҳиди натиҷаҳои он ҳастем.
Аз рӯи таҳлили кӯтоҳ мебинем, ки миллати тоҷик дар шароити навини таърихӣ, бо таҷрибаи шашҳазорсола, барои муваффақона паси сар кардани Даврони Эҳё, ки оғози он эълом гардид, тамоми шароит – решаҳои тамаддунӣ, бунёди қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ақлонӣ ва генетикиро дорад. Фақат онро роҳандозии ҳарчи зудтар ва роҳнамоии тахассусмандона бояд.
Фаромӯш намекунем, ки дар мавриди амали нек таърих доимо фурсат, шонси кӯтоҳ мегузорад. Эҳёи миллатро Пешвои муаззами миллат ҳамчун Ҳаракати умумимиллӣ эълон кардааст.
ХУЛОСА
1. Даврони Эҳёи Аврупо (асрҳои XIV – XVI) яке аз бузургтарин воқеаҳои таърихӣ-cиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҳаёти инсоният буд. Бидуни чунин гардиши куллӣ, тамаддуни аврупоӣ на танҳо наметавонист ба ҷойгоҳе, ки имрӯз дорад, соҳиб шавад, балки Шарқ ҳам ҳолати аз ин бадтари асримиёнагӣ медошт.
2. Давлатҳои Аврупо тавассути Даврони Эҳё ба дастовардҳои бунёдӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ноил гаштанд. Мардумро аз ҷаҳолат раҳо карданд. Бо сохтани давлатҳои миллӣ ҳувияти миллӣ ва тамомияти арзии худро нигоҳ доштанд. Ҳастии шарафмандонаи хешро дар доираи оилаи байналхалқӣ таъмин намуданд.
3. Эҳёгарон ба хулоса омаданд, ки маҳз тарзи тафаккури хурофотӣ, таассубгароёна пайравии номусолиҳатомез ба ҳар гуна ҷараёнҳои динӣ, мазҳабӣ ва фанатизм мардумро ба ифроту тафрит мебарад. Ба ҳамин хотир, мундариҷа ва муҳтавои ҷаҳонбинии мардумро чун масъалаи калидии Эҳёи ҷомеа интихоб намуданд.
4. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи Даврони Эҳёи Аврупо бузургтарин олимон, хирадмандон, суханварон, донишмандон, рассомон, меъморон, муборизон, фидоиёни ватан ва миллати худ буданд. Онҳо қудрату неруи хешро, ки пештар бо сухан ва қалам ифода мекарданд, дар амал санҷиданд. Ба майдонҳо назди мардум рафтанд. Хостанд дониста бошанд: оё метавонанд оммаро аз панҷаи хурофот, ҷаҳолату нодонии асримиёнагӣ раҳо созанд? Муътақид гардонанд, ки ватану миллати онҳо, замини хокӣ ва мардумони одианд. Саҷдагоҳи И н с о н А қ л, Д о н и ш ва Х и р а д и о д а м и с т. Исбот намоянд, ки бо силоҳи Маърифат боварманд кунонидани одам, аз бовар кунонидан бо силоҳ авлотар аст.
5. Сабаби Даврони Эҳё ном кардани ин ҳаракати бузурги таърихӣ аз нав зинда кардан, ҷон бахшидан ба беҳтарин намунаҳои илм ва фарҳанги Юнони Қадим ва Рими Қадим бар хилофи даъвоҳои руҳоният буд, ки тарғиб мекарданд: «оғози фарҳанги ноби одамӣ аз замони зуҳури Исои Масеҳ сарчашма мегирад».
Далелҳои илман асоснок ва қотеонаи зиёиёни эҳёгар, руҳи миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллатҳои Аврупоро баланд кард. Ғурури истиқлолхоҳии ононро неру бахшид. Фикру андешаи аксарияти мардумро дар бораи таърихи воқеии фарҳангу миллатҳояшон тақвият дод.
6. Азбаски дар байни руҳонияти Даврони Эҳёи Аврупо шахсони воқеан таҳсилдида, ташвиқгари ростӣ, масъулиятшиносу худогоҳ, мутафаккиру хирадманд, ҳимоятгари тамаддун ва фарҳанги миллатҳои хеш кам набуданд, намояндагони барҷастаи онон ҳикмати давраи Эҳёро хуб дарк карданд. Ва чунин шиор партофтанд: «Эҳёгарон барои истиқлоли миллати ман мубориза мебаранд. Мо бо онҳоем!».
7. Минбаъд дар ҳар кишвари Аврупо Шӯрои миллии уламои католикӣ ташкил шуд. Шӯро зери назари нухбагон ва мутафаккирони руҳонӣ ҳуҷҷатҳои аслии хутба ва фатвоҳои диниро таҳрир карда, онҳоро бидуни халалдор кардани моҳияташон, ба манфиати рушду пешрафти илму фарҳанг ва технологияи миллатҳои хеш мувофиқ сохтанд.
8. Давраи Эҳё мафҳуми дини миллӣ ва милликунонии динро дар Аврупо асос гузошт.
9. Инқилоби маънавии ҳафт аср қабл, мардуми Аврупоро ба рӯзгор ва сатҳи баланди рушди иқтисодиву иҷтимоии кунунӣ овард. И м р ӯ з м о ш о ҳ и д и о н ҳ а с т е м. Ва бидуни эҳсоси хиҷолат, зарурати муҳокима, расидан ба сабабу омилҳои ин пешрафт, масъулияти худогоҳӣ ва худсозӣ аз онҳо истифода мекунем.
ОХИРСУХАН
Ҳар насл (хонда шавад халқ, миллат, давлат, мардум) наметавонад варақи зиндагиро аз саҳифаи нав оғоз кунад. Барои одамони соҳибхирад чунин зарурат ҳам нест. Вобаста ба шароити таърихӣ, анъана, урфу одат, муҳит, замон ва макон истифодаи эҷодкоронаи таҷрибаи мардумони бохиради пешин ва ҳамасрон низ шарти муваффақият ва пешравӣ аст.
Ба ҳамин хотир ба тарзи кӯтоҳ зарурат, сабаб, омилҳо, шароит ва намунаҳои даврони Эҳёи миллии Аврупо ҳамчун мисоли таърихӣ оварда шуданд, ки албатта, навоварӣ нест.
Аммо мо ба ин ҳақ дорем: «Ҳар кашфиёте, ки мансуб ба ақли одамизод аст, дастоварди умумибашарист» (Г. Лебон).
Ба назари мо, муқоисаи вазъи Аврупои асри ХIV ба ҳолати маънавии Тоҷикистони асри ХХI ба хотири хулосабарорӣ, арзёбӣ ва коркарди нақшаи амал тақозои зарурӣ ва ҳаётан муҳим мебошад.
Яке аз намояндагони машҳури миллати немис Артур Шопенгауэр (1788-1860) таъкид мекунад: «Немисҳоро мазаммат мекунанд, ки онҳо бештар ба франсавиҳо ва англисҳо тақлид мекунанд; аммо фаромӯш месозанд, ки ин бисёр кори оқилона аст, ки онҳо ҳамчун миллат карда метавонанд, ба хотири он ки феълан немисҳо бо қувваи худашон кори муфид ва хубро фикр карда бароварда наметавонанд».
Аз лиҳози рушду тараққиёти иқтисодӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ, шукр, мо дар хамгашти як кӯчаем. Аммо бо итминони комил гуфта метавон, ки бо ҷаҳонбинии хурофотӣ ва таассубгароии умумӣ, дар асри XXI, бо сипарӣ гаштани ҳафтсад сол баъди даврони Эҳёи Аврупо, мардуми мо гурӯҳ – гурӯҳ намунаҳои сангинтарини маънавиёт, рафтор, таассуб ва хурофоти асримиёнагиро ҳамчун зуҳуроти умумӣ ба намоиш гузошта, дар ин раванд сахт истодагарӣ ва якравӣ мекунанд.
Дар рисола, оиди дар давлатҳои пешқадам мавҷуд будани системаи ягонаи ҳифзи субот ва сохти конститутсионӣ дар мавридҳои буҳронӣ, ки замонати комили амнияти ҷомеаро медиҳад, ишора рафт.
Тамоми системаҳо дар болои коғаз хоҳанд монд, агар хештаншиносӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ бар маънавиёти бегонапарастӣ ғолибият пайдо накунад. Агар манзалати Илму Маърифат, Ақлсолориву Хирадгароӣ бар таассубу хурофот ва ҷаҳонбинии асримиёнагӣ, ки тавлидгари ифротгароиву терроризм аст, чира нагардад.
Дар роҳи ҳалли чунин муаммо «Ҳар халқ метавонад ва бояд аз мардумони дигар омӯзад» (Г. Плеханов).
Агар зиёиёни Даврони Эҳёи Аврупо барои аз торикӣ, таассуби асримиёнагӣ, ҷаҳолат, фақирӣ, озод кардани миллатҳои худ бо руҳониёни ватандӯст ва бонангу номус ба тавофуқ расида, ҷонбозиҳо карда, ба мақсад расида бошанд, вақти он аст, ки эҳёи миллати тоҷик ҳам аз ҷониби зиёиён ва андешамандони пешқадам, ки бо ҷаҳонбинии мардум сару кор доранд, ба як ҷабҳаи умумимиллӣ мубаддал гардад.
Барои ҳар нафаре, ки имкон аст, дар масири хатарноки хатои зидди манфиатҳои Ватану миллат қарор гирад, мубориза бояд бурд. Сабабҳои ин ҳолатро ошкор ва дар доираи як системаи коркардшудаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бартараф намуд.
Мардуми Тоҷикистон бояд донанд, ки «шуури миллӣ – шуури ягонаи тақдири таърихӣ аст» (Н. Бердяев). Бештар аз ҳамватанони мо, дигар дар олам касе мисли худи мардуми Тоҷикистон барои субот, амният ва рушди кишвари мо манфиатдор нест.
Тавре дидем, барои Даврони Эҳёи Аврупо ду омили аслӣ истифода шудааст: зиёиён бо руҳонияти миллатпараст (1) ва маводи аслӣ – ҷабҳаи маънавӣ – бозгашт ба илм, адабиёт ва фарҳанги ниёгон (2).
Дар шароити Тоҷикистони муосир ин имконот бамаротиб қавӣ ва неруманд аст.
Хотирнишон гардид, ки аввалан, пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст.
Дуюм, агар миллатҳои Аврупо фақат ба захираҳои маънавии Юнони Қадим ва Рими Қадим такя карда бошанд, миллати тоҷик дар ин маврид, боигарии нақди сиёсӣ-таърихӣ ва тамаддунӣ бо сулолаҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Сомониён дорад.
Сеюм, бойтарин дастовардҳои фарҳангӣ ва адабиёти ҷаҳонӣ, яъне ганҷина ва хамосаҳои саромадони адабиёт, илм ва фарҳанг – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва офаридаҳои ҷаҳоншумули даҳҳо нобиғагони дигари миллати тоҷик дар ихтиёри зиёиён, мутафаккирон, дастандаркорони соҳаи маънавиёти миллӣ қарор доранд.
Инҳо бунёд, хазина, сарчашма ва силоҳи бузурги маънавӣ ҳастанд барои муваффақ гаштан ба амали ҳаётан муҳим – наҷот бахшидани насли имрӯза аз доми ҷаҳолат, торикӣ, таассуб, хурофот, ифротгароӣ, терроризм ва фоҷиаи навбатии умумимиллӣ.
Агар ҳамасрони ҳушманди мо аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ бароянд, ояндагон баъди ҳафтсад сол ҳам ному фидокории равандагони роҳи Эҳёи миллатро дар ин шароити наздик ба хурофоти асримиёнагӣ фаромӯш нахоҳанд кард.
Даврони Эҳёи миллати тоҷик ниёз бо кӯшишҳои бесобиқа, ғайримуқаррарӣ, ҳадафманд ва муҳимтар аз ҳама, содиқона дорад.
Бо дарназардошти вазъи геополитикии олам, минтақа ва равандҳои дохилӣ дар ин амали ҳаётан муҳим набояд лаҳзае таваққуф кард.
Мақолаи профессор Ятимов Саймумин Сатторович Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №171(24 782), аз 24.08.2023С.
https://jumhuriyat.tj/uploads/posts/2023-08/thumbs/peshvoi-millat-2018-kopija.webp