КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯ
Имрӯзҳо барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру деҳоти ноҳия корҳои сохтмонию азнавсозӣ бо маром идома доранд. Файзобод чун дигар шаҳру навоҳии кишвар, зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш, намои тоза касб карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо кардааст. Имрӯз ҳар нафаре, ки вориди ноҳия мегардад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ хоҳад шуд.
Ҳоло мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба гирифта, ният доранд, ки ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Сокинони сарбаланид ноҳия бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромию осудагии кишвар бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дастаҷаъмона кӯшиш менамоянд.Имрӯзҳо ба ҳар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия равед, мардумро саргарми кор дармеёбед: ҳама пайи ободонианд. Ободонии мактабу роҳу деҳаи худ. Зеро медонанд, ки ободии Ватан аз ободии кӯчаву рустои хеш сар мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.
Ҳамин аст, ки айни ҳол роҳҳои кӯчаҳои маркази ноҳия асфалтпӯш гардида истодааст. Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ватандӯсту бунёдкораш, бо азму иродаи қавӣ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида истодаанд, то роҳҳои ин гӯшаи Ватанро сари вақт ва хушсифат асфалпӯш намоянд. Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар асфалпӯш намудани кӯчаҳо раиси ноҳия Мансур Каримзода иштирок намуда истодааст.
Бояд зикр кард, ки мардуми меҳнаткаши ноҳия бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни таърихӣ чораҳои зиёд роҳандозӣ карда, пайваста рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳоро раиси ноҳия Мансур Каримзода зери назорати қатъӣ қарор медиҳад. Дар баробари ин, айни ҳол дар дигар ҷамоатҳо бунёду азнавсозии иншооти гуногусамт идора доранд.