26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, дар бораи вазъи таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, самаранок истифода бурдани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ва бо ҷойи кор таъмин гаштани онҳо дар давраи солҳои 2018-2022 гузориши муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён шунида шуд.
Таъкид гардид, ки сафарбар намудан ва таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.
Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур ҳамасола зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Масъалаи бо ҷои кор таъмин гардидан мутобиқи Низомномаи Стипендияи “Дурахшандагон” амалӣ шуда, хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва низоми идоракунии ҷумҳурӣ кору фаъолияти босамар доранд.
Ҳарчанд шумораи зиёди хатмкардагон ба ҷойҳои корӣ ҳозир шудаанд, вале аз руи таҳлилҳо маълум мегардад, ки 31,8 фоиз тибқи тартиби муқарраргардида амал накардаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар ин самт супориш доданд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷ тадбирҳои амалӣ андешад.
Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” муассисаҳои олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро хатм кардаанд, мусоидат намоянд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Аъзои Ҳукумати кишвар ҳамчунин баъди муҳокима 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини ченаки ягона”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба “30-солагии Истиқлол”, Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, Дар бораи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Дар бораи меъёрҳои андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ барои солҳои 2022-2026, Дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда, Дар бораи таъсиси шӯрои нозирон оид ба назорати амалисозӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, Дар бораи тарифҳо барои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ ва Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022 муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Баъди муҳокимаи масъалаҳои маҷлиси Ҳукумат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироатҳо, бахусус, кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, ба таври кофӣ захира кардани маводи хӯрокворӣ ва меваю сабзавот ва доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” супоришҳои мушаххас дода шуд.
http://prezident.tj/