АЁДАТИ ҶАВОНОНИ МАЪЮБ АЗ ТАРАФИ РАИСИ НОҲИЯ

print
Дастгирии ниёзмандон ва ёрӣ расондан ба онҳо амали шоистаи инсонӣ маҳсуб ёфта, омили сарбаландии шахси эҳсонкор дар ин дунёву охират мегардад. Дасти ёрӣ дароз кардан ба бечорагону бенавоён, ятимону бепарасторон, бе шубҳа, гувоҳи имони комил доштани эҳсонкунанда аст. Касе агар аз рӯи инсофу дилсӯзӣ кори неку муфиде барои ниёзманде анҷом медиҳад, Худованд чораи кори ин эҳсонкорро осон гардонда, бар ивазаш аҷру подоши бешумор мебахшад.
Дар баробари заҳмату талошҳои ободкориву созанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон, маъюбон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон мебошад.
Имрӯз раиси ноҳияи Файзобод Холзода Бобишо Нарзуло ба аёдати яке аз оилаҳои ниёзманди деҳоти Дӯстмурод Алиев, рафта, аз авҳолу рӯзгорашон бохабар гардиданд. Бояд гуфт, ки дар оилаи Кенҷаевҳо ду маъюб зинадагӣ мекунад. Имрӯз аз тарафи раис аз ҷумла, маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар лавозимоти рӯзгори зиндагӣ кумак карда шуд. Ҳамчунин, раиси ноҳия дар суҳбат бо ин қишри осебпазири ҷомеа гуфт, ки шумо ҳамеша зери таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қарор доред. Раиси ноҳия ба масъулин супоришҳо доданд, ки ҳамеша аз ҳолу авҳоли ин оила омада хабар мегиред.
Ҳамзамон, раис ноҳия аз авҳоли маъюбон пурсон шуда, ба онҳо барои сохтани хонаи 3 – ҳуҷрагӣ ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. Дар фурсати кӯтоҳтарин сохтмони ҳуҷраҳо оғоз гардида, бо тамоми шароитҳои замонавӣ ва ашиёи хона ба ин оила супурда мешавад.

Дафтари матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code