Чанде пеш бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия шанбегӣ баргузор гардид.
Ин иқдом дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ гузаронида шудааст.
Кормандони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин, роҳбарият, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони бахшу идораҳо фаъолона иштирок карда, шафати роҳ ва ду тарафи ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тозаву озода намуданд.
Партовҳои ҷамъовардашуда тавассути техникаҳои сохторҳои коммуналӣ ба партовгоҳ бароварда шуданд.
Чунин чорабиниҳои мақсаднок баҳри беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, хиёбонҳо ва дигар роҳҳои ҳудуди ноҳия пайваста гузаронида мешавад.