МУҲАММАДШАРИФ НАҶМИДДИНОВ ПАҲЛАВОНИ УМЕДБАХШ АСТ

Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар деҳаи Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба дунё омада, аз овони хурдсолӣ  ба варзиш  меҳри беандоза дошт. Аз ҳаштсолагӣ ба толори хурди зодгоҳаш рафта, ба омӯхтани нозукиҳои гӯштии самбову дзюдо шурӯъ кард. Абдуқодир Зокиров мураббии нахустинаш, ки устоди сахтгир аст, дар машқҳо ба ӯ ва шогирдони дигар маҳорат меомӯхт ва пайваста малакаву ҳунари гӯштигириашонро такмил медод, ба умеди фардо, ки онҳо номбардори кишвари хеш гарданд.

Албатта, рӯзҳои аввал тамрин барояш осон набуд, ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардид. Қатъи назар аз ин, Муҳаммадшариф сидқан машқ мекард ва сабру таҳаммулро пешаи худ карда буд. Мекӯшид, ки дар байни дигарон намуна бошад. Бо гузашти вақт, малака ҳосил намуда, маҳораташро баланд бардошт. Машқҳои пайваста зӯру тавонашро қавӣ ва маҳораташро баланд намуда, то ба дараҷаи устодӣ расонданд. Акнун муваффақиятҳо насибаш мегаштанд. Ӯ тамоми комёбиҳояшро, пеш аз ҳама, ба заҳмати устодонаш Абдулқодир Зокиров, Рауф Ҳукуматов мансуб медонад.  Маҳз дастгириҳои ин мураббиҳо буд, ки Муҳаммадшариф Наҷмиддинов ба муваффақиятҳо ноил гардид.

– Соли 2017 бори аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ байни ҷавонон оид ба гӯштии самбо, ки дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор гашт, сазовори медали биринҷӣ шудам. Баъд аз ин, зери роҳбарии мураббии варзида Рауф Ҳукуматов, соли 2019 дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи Осиё аз намуди гӯштии кураш  гардидам. Моҳи октябри ҳамон сол бошад, дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни ҷавонон (шаҳри Тошканд) барандаи медали тилло гаштам. Ҳар варзишгар орзу дорад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами кишвараш парафшон гардад ва вақте ки дар ин мусобиқа Парчами Тоҷикистони азиз дар байни беш аз 45 кишвар дар сатри аввал буд, маро ҳисси ифтихор  фаро гирифт, – иброз дошт Муҳаммадшариф.

Абдуқодир Зокиров, устоди аввали ӯ, зимни суҳбат гуфт, ки дар баробари ҳамаи комёбиҳояш Муҳаммадшариф хоксор аст. Ҳамеша мекӯшад бо одамон ҳалиму меҳрубон бошад, ки ин, албатта, обрӯяшро боз ҳам баландтар мебардорад. Аз ин лиҳоз, мардуми деҳа  ӯро эҳтиром мекунанд. Бо бовар метавонем гӯем, ки Муҳаммадшариф ифтихори кишвари мост.

Боиси зикр аст, ки бештари мухлисони риштаи гӯштӣ Муҳаммадшариф Наҷмиддиновро бо тахаллуси «Хирс» мешиносанд. Вақте дар бораи ӯ аз ҳамдеҳагонаш пурсидем, аксарият вайро бо чунин лақаб мешинохтанд. Мардуми деҳа ва худи паҳлавон мегӯянд, ин тахаллусро сокинони деҳаашон барояш додаанд. Зеро Муҳаммадшариф ҳангоми тамринҳову зӯрозмоиҳо дар мусобиқаҳо ба сони хирс меғуррад, аз ин рӯ, ҳаводорони гӯштӣ ӯро чунин ном мебаранд.

Қаҳрамони қиссаи мо ба саволи киро идеали худ медонад чунин посух дод:

– Идеали ман Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи  олимпии Пекин (соли 2008), аст. Вақте дар телевизион ҳунарнамоии ин номбардори кишварро медидам, мехостам мислаш бошам. Зӯрозмоиҳои  ӯ шавқамро нисбат ба  гӯштӣ бештар менамуд. Маҳз ҳунари волои Расул Боқиев сабаб шуд, ки ин  риштаи варзишро интихоб намоям.

Барои дастовардҳои варзишӣ Муҳаммадшариф Наҷмиддинов соли 2019 бо унвони Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбо мушарраф гардид.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА

Шарҳи худро гузоред

*

code