Бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода, мудири бахши занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раъно Давлатзода ва дигар намояндагони касбу кори гуногун бо усули “Деҳа ба деҳа” санаи 3-юми декабри соли 2025 бо фаъолон ва сокнинони деҳаи Дашти Марзои Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт мулоқот доир шуд. Зимни мулоқот оид ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни ҷавонон, хурофотпарастӣ, фарҳанги сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди барраси қарор гирифт.Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва дираг масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо сокинон масъалаи маҳдудияти барқ шарҳу тавзеҳ дода шуда, сабабҳои воқеии норасоии барқ гуфта шуд, ки (гармшавии иқлим – моҳи якуми зимистон ба охир мерасад, лекин ҳаво ҳанӯз гарм аст, паст шудани сатҳи обанборҳо, хусусан обанбори НБО “Норак” аст). Аз ин рӯ, сокинонро мебоист барқро самаранок истфода бурдан аз қувваи барқ ва сабру таҳаммул дар баробари ин мушкилоти муваққатӣ, зеро то соли 2027 пурра маҳдудияти барқ дар кишвар бартараф хоҳад гардид. Инчунин, дагар намояндагон баромад карда иброз доштанд, ки дар ин давраи бисёр ҳам печида ва ҳассоси тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагарданд. Аз ин рӯ, падару модарон бояд фарзандонро ба хизмати Ватан-Модар омода намоянд. Чунки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони худогоҳи тоҷик шарафи бузург аст. Хизмати ҳарбӣ ҷавононро обутоб дода, солиму неруманд мегардонад ва онҳо минбаъд дар зиндагӣ устуворона қадам мениҳанд. Гуфта шуд, ки дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо шарҳ дода шавад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад.