МУЛОҚОТИ ВОБАСТА БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

print

Имрӯз дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия бо сокинон мулоқот доир шуд.
Дар мулоқоти мазкур, ҳамчунин, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, сохтору зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ, раисони камитетҳои маҳалла, раисони ҷамоатҳои деҳот, ходимони дин ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода, зикр кард, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, расондани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ мунтазам байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд.
  Ҳамчунин, масъулон нид оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, расондани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ баромад карданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки 25-уми апрел дар Қасри миллат бо иштироки масъулони сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид, таъкид намуданд, ки талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат ташвишовар мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳиму ногузир арзёбӣ намуданд.
Дар иртибот ба ин, Роҳбари давлат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа, ба сокинони мамлакат моҳияти муқаррароти қонунгузории нав барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ фаҳмонда шавад.
Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст. Бо ин мақсад, дар кишвар Агентии назорати энергетикӣ таъсис ёфт.

Шарҳи худро гузоред

*

code