Санаи 20.04.2025 тибқи чақша чорабиниҳои МИҲД- и ноҳия дар идомаи нарӯзии “деҳа ба деҳа” бахшида ба Ҷашни Наврӯз дар деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳия мусобиқаи гӯштингирӣ доир гардид.
Мусобиқаи гӯштинги миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод баргузор гашта, дар он меҳмонону варзишгарон аз гӯшаву канори кишвари азизамон иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар анъанаҳо ва ҷашнҳои миллии халқи тоҷик эҳё ва ҷаҳонӣ шуданд. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз, ки таърихи чандҳазорсола дорад, соли 2010 мақоми байналмилалӣ касб кард. Пас аз ин воқеаи таърихӣ, паҳлавонон ва мухлисон дар дил орзу мепарвариданд, ки рӯзе рамзи муҳими ин ҷашн – гӯштии миллии тоҷикӣ, ки ородиҳандаи майдонҳои наврӯзӣ буд, байналмилалӣ хоҳад шуд. Омоли онҳо баъд аз 12 сол, яъне соли 2022 ҷомаи амал пӯшиду гӯштии миллии мо, ки сарманшаъи тамоми намудҳои гӯштиҳо арзёбӣ мешавад, ҳамчун намуди варзиши миллии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашт.
Маврид ба зикр аст, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар сатҳи баланд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорон он баргузор карда мешавад.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъанаи ниёгон ба Ҷашни Наврӯз шаҳомати дигар мебахшид. Он ягона варзиш ё анъанае буд, ки махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир гардида, паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувваозмоӣ мекунанд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.