Ба муносибати Ҷашни 30– уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, кумитаи ташкилоти мададгори мудофиа ва ШВКД- и ноҳия имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 даври сеюми минтақавии мусобиқаи ҳарбӣ–варзишии “Хомии Ватан” биёни хонандагони Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ва деҳоти Чашмасору Қалъаи Дашт доир гардид, ки дар он хонандагони 11 муассиса аз ҷамоатҳои мазкур иштирок ва баромад намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки аз 11 муассисаи зикр шуда 3- тои он рохат ба даври ноҳиявӣ гирифт, инчунин, муассисаҳое, ки фаъолияти хуб дар ҷорабини нишон доданд, бо “сипосномаи” бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки даври ноҳиявӣ рӯзи 22 феврал дар арафаи Артиши миллӣ дар маркази ноҳия баргузор мегардад, ки дар он 9 муассисае, ки рохат доштанд ширкат меварзанд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби бештари ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дафтари матбуоти раиси ноҳия