Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия дар асоси талаботи он фаъолият намуда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мунтазам иқдоми созандаро амалӣ менамояд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ кафолати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Бояд гуфт, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ – ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ-асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири мусбат дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон нақши бориз гузошта, дар он тартиботро нигоҳ медорад.