Дар идомаи маҷлис Сафарбег Нурзода оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти икшвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд. Афзуд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ мақсадҳои асосии давлату Ҳукумати маҳсуб мегардад. Зикр гардид, ки вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд. Гуфта шуд, ки дар ин самт бояд ҳар ҷавони кишвар ва сокинони мамлакат зиракии сиёсиро тақвият бахшида, сиёсати давлату Ҳукуматро бо ҳамовозии самимӣ ҷонибдорӣ намоянд. Танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда халқу миллати тоҷикро ба ҳадафҳои навини давлатдорӣ мерасонад. Дар идомаи маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ аъзоёни иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бобати тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат Ватан, миллат, Президент ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ва раиси ноҳия, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия Бобишо Холзода дар ҷанбасти маҷлис суханрони намуданд. Дар охир ба таври тантанавӣ ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба узвияти ҲХДТ қабул шудан доштанд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, инчунин, як қатор фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод сарфароз гардонида шуданд.