НИГИНЕ, КИ ДУРАХШАШ ҶОВИДОНИСТ

print

Офтоб, ки тулуъ мекунаду бо нураш оламро мунаввар месозад, ғуруб низ дорад. Агар умр боқӣ бошад, кас дамидани субҳи хуршедии дигарро, албатта, мебинад. Ин мафҳум дар ифодаи шоир ба ҳикмат табдил ёфтааст: «Боз омадан зи рафтани Хуршед дур нест, Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад». Вале хуршеди умри инсон, ки ғуруб намуд, дигарбора тулуъ нахоҳад кард.
Хуршеди зиндагии Нигина Рауфова, ки халқ ӯро бо меҳру муҳаббат «Булбули Тоҷикистон» унвонаш дода буд, 21-уми декабри соли 2010 ба ғуруб рафт. Баҳори понздаҳум аст, ки ӯ байни мо нест. Понздаҳ сол мешавад, ки қомати мавзунашро дар саҳна намебинему овози марғубашро намешунавем.
Нигина Рауфова, ки бо овози дилнишинаш меҳмони ҳар хонадони тоҷикистонӣ буд, дар деҳаи Шерамон по ба олами ҳастӣ ниҳод. Ин деҳаи зебоманзар дар канори ягона дарёчаи равони ин диёр – Элок воқеъ гардида, рӯ ҷониби Кӯҳи Ширбӣ дорад. Дар баҳору тобистон насими Элок хеле форам вазида ба кас ҳузуру ҳаловат медиҳад.
Сарояндаи маҳбуби мо хеле барвақт аз модар маҳрум гардида азоби ятимӣ кашид ва овони наврасӣ аз зодгоҳаш баромадани ӯ амри тақдир буд. Фаъолияти эҷодияш дар чордаҳсолагӣ, соли 1959, аз маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ӯ, ҳамзамон, дар мактаби коргарҷавонони назди Иттиҳодия таҳсилоти миёна гирифт. Пас, ба клуби ҳаваскорони санъат роҳ ёфта, дар осмони санъати касбии Тоҷикистон парвоз намуд. Нигинаро соли 1971 ба ансамбли суруду рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват намуданд. Дар он чор сол ба сифати сароянда кор кард. Ҳамчунин, як сол сарояндаи ансамбли овозадори «Гулшан» буд. Охири солҳои 70-уми асри ХХ истеъдоди баланд ӯро ба бонуфузтарин дастаҳои ҳунарӣ: аввал ба ансамбли мақомхонон, баъдан ба ансамбли «Дарё»-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст. Ва то лаҳзаҳои вопасини ҳаёт бо «Дарё» монд. Ба ифодаи худи ӯ, «Дарё» ба вай унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон (соли 1977) доду бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 1996) мушарраф гардонд.
Нигина Рауфова аз дунё рафта бошад ҳам, аз дилҳо нарафтааст. Маҳбубияти мухлисону ҳаводоронаш номи ӯро зинда медоранд. Магар мешавад, ки сурудҳои «Ёрат манам», «Қадат баланд аст ёр», «Ман садқаи ту», «Намепурсӣ номи ман», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонате» ва даҳҳо таронаҳои дилнишини ӯ аз забонҳо афтанд?! Ин сурудҳо дар заминаи оҳангҳои халқӣ ба вуҷуд омадаанд ва дар байни халқ машҳур гашта, дар дилҳо маъво гирифтаанд. Ин сурудҳо, аксаран, эҷоди худи апаи Нигинаанд. Ҳамчунин, таронаҳоро бо оҳангҳои эҷодкардаи Хайрулло Абдуллоев, Фаттоҳ Одинаев, Зиёдулло Шаҳидӣ ва дигар бастакорони хушсалиқаи тоҷик месуруд. Дар ин маврид, аз оҳангсози мумтоз устод Фаттоҳ Одинаев шунидаем, ки гуфта буд: «Оҳангҳои маро Нигинабону хонад, ҳаловат мебарам».
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саидқул Билолов, ки мафтуни овозу ҳунари волои апаи Нигина аст, бо самимияти хосса мегӯяд: «Дар сад соли наздик ҳофизе мисли апаи Нигина намерӯяд. Ӯ аз соли 1989, аз вақти таъсисёбии ансамбли «Дарё», то охири умр бо мо буд. Апа симои тоҷикӣ, либоси тоҷикӣ, лафзи тоҷикӣ дошт. Маҳфилҳоро бо овозаш, сарулибосаш, гапҳояш зебо мекард».
Саидқул Билолов, ки чун хунёгари мумтоз дар эҷодаш «асолати маданияти мусиқии миллӣ хеле наку ҳифз мешавад» (таърифи Синои Холиқ), садои Нигина Рауфоваро ба «насиме аз гулшани дил» ташбеҳ медиҳад. Ва эътироф менамояд, ки сурудҳои ӯ «мурғи хаёли касро боли парвоз мебахшанд, ба дуриҳои дур мебаранд». Воқеан, Нигина Рауфова дар радифи сурудҳои халқӣ чанд оҳанги эҷодкардаи Саидқул Билоловро ба хости дили хунёгари сахтгир замзама мекард. Ба мисол, суруди «Бачамой» (шеъри Саидҷон Ҳакимзода). Он хеле ҷаззоб садо дода, ҳолати равонии модари фарзандгумкардаро рӯшан ифода менамояд. Ин суруд ашки ғамдидаҳои ҷанги зидди Гитлерро резонад ҳам, ҳолати онҳоро хеле сабук мегардонад, ба маъние, ки «ҳар хандаи баъди гиря кони садаф аст»:

Як ҷавони нозанин аз ҷанги Гирмон барнагашт,
Як ҷаҳони орзую ишқу армон барнагашт.
Чӯҷаи гунҷишк не, фарзанди инсон барнагашт,
Кам намегардад даме аз дил суруди бачамой.

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, профессор Қурбон Восеъ муҳаббати хешро нисбат ба апаи Нигина ва овози марғуби ӯ ин тавр баён месозад: «Ман ин садоро мисли дамидани субҳи содиқ, мисли хиромидани кабкони Вашгирд – Файзободи тоҷик, мисли аз тарақҳои кӯҳ шоридани обҳои чашмасор, мисли алвонҷ хӯрдани кокулони гулдухтарону мисли резиши борони баҳорон дӯсту эҳтиром менамудам ва бесаброна интизораш мешудам».
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи хушсадо Нуқра Раҳматова бо меҳри беандоза аз Нигина Рауфова чунин ёд меоварад: «Нигина инсони нотакрор буд. Ӯ бо содагиаш, либоспӯшиаш, гапзаниаш, муносибаташ бо одамон фарқ мекард; ҳалиму меҳрубон буд. Ҳузури ӯ маҳфилҳову нишастҳои ҳамкоронро шукӯҳ мебахшид, гарму равшан мекард; ҳар ҷое, ки ӯ буд, ғам набуд, ғайбат набуд, балки садои ханда буд, суруру шодмонӣ буд».
Бале, Нигина Рауфова тараннумгари фарҳанги миллӣ буд. Халқӣ хонданашро зиёӣ ҳам меписандиду деҳқони барзгар ҳам. Овозу ҳунари волояш ӯро маҳбуби дилҳо кардааст.

Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

*

code