НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

print

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, нишасти матбуотии раиси ноҳия, бо иштироки рӯзноманигоронро барои ҷамбасти соли 2024 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раис, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, инчунин, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Саравал раиси ноҳия намояндагони васоити ахбори оммаро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории судманд ва пурмасъул, ҷиҳати рушду нумуи иқтисодиёти иҷтимоиётӣ ноҳия, инъикоси васеъи корҳои ободонию созандагӣ дар соли сипаригашта изҳори миннатдорӣ баён намуда.
Сипас, раиси ноҳия Мансур Каримзода ба намояндагони ВАО пешниҳод намуданд, ки бо мақсади вақтро пура истифода бурдан, оғоз ба саволу ҷавоб кунанд. Ҳаминтавр як соат саволу ҷавоб доир гардид. Ҳамчунин, дар фарҷоми нишасти матбуотӣ раиси ноҳия ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки мақсад аз гузаронидани нишастӣ матбуотӣ ин таъмини ошкорбаёнӣ, шафоффият, оид ба рафти иҷрои қарору фармонҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати кор, огоҳ гардидан аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пурқувват намудани робитаҳои зичи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо васоити ахбори омма мебошад.

Шарҳи худро гузоред

*

code