Файзобод: 9.02.2026. Имрӯз нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Файзобод, бо иштироки рӯзноманигорон барои ҷамъбасти соли 2025 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раис, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, инчунин, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия Мансур Каримзода, рӯзноманигоронро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории судманд ва пурмасъул, ҷиҳати рушду нумуи иқтисодию иҷтимоиётӣ ноҳия, инъикоси васеъи корҳои ободонию созандагӣ дар соли сипаригашта изҳори миннатдорӣ баён намуда.
Иброз гардид, ки дар соли 2025 кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғу токзори меваҳои бозоргиру содиротиро зиёд намуданд, айни замон дар ноҳия 6902 гектар боғу токзор мавҷуд аст.
Зикр шуд, ки соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 682 ,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли сипаригардида 57,8 миллион сомонӣ зиёд буда, 109,3 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар ноҳия 4 ҳазору 24 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Соли рафта 34,3 гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки аз нақша зиёд аст. Ҳамзамон, дар майдони 10231,9 гектар кишти зироат гузаронда шуд. Аз ҷумла, аз ҷумла 3521,2 га ғалладонагиҳо, 1183,6 га зироатҳои техникӣ, 1095,1 га картошка ва 1296,2 га сабзавот гузаронида шуд. Соли сипаригардида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 8387,9 тонна ғалладона, 1462,8 тонна зироатҳои техникӣ, 17409,7 тонна картошка, 25275,9 тонна сабзавот, 22886 тонна мева ва 3116,8 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ карда шудааст.
Истеҳсоли гӯшт ба 3905,7 тонна, шир ба 17962,6 тонна ва тухм ба 77 миллиону 333 ҳазор дона расонда шуд, ки нисбат ба соли пеш зиёд мебошад.
Ҳамзамон, Мансур Каримзода баён дошт, ки дар соли гузашта 887 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуда, 110 бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 520 шаҳрванд ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 42 шаҳрванди бешуғл ба андозаи 208 ҳазор сомонӣ ва ба 245 кас ба маблағи 207 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.
Ҳамчунин, дар фарҷоми нишасти матбуотӣ раиси ноҳия ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки мақсад аз гузаронидани нишастӣ матбуотӣ ин таъмини ошкорбаёнӣ, шафоффият, оид ба рафти иҷрои қарору фармонҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати кор, огоҳ гардидан аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пурқувват намудани робитаҳои зичи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо васоити ахбори омма мебошад.