Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияи Файзобод ба ҳисоб рафта, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифат, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши асосӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, заҳматкашон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо риояи технологияи пешқадами агросаноатӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат кишти картошка, сабзавот, ғалладона ва зироатҳои техникиро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои судманд меандешанд.
Маврид ба гуфтан аст, ки имрӯзҳо заҳматкашони ноҳия аз боду ҳавои мусоид истифода бурда, ба кишту кори баҳорӣ оғоз карданд. Бо мақсади назорати кишту кори баҳорӣ санаи 24-уми феврали соли равон раиси ноҳия Мансур Каримзода, аз ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Баҳор ва Бӯстон боздид карданд.
Зимни боздид аз заминҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ масъалаҳои таъминот бо тухмии босифат, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки омодагии ҳамаҷониба ва саривақтӣ ба маъракаи кишти баҳорӣ заминаи асосии таъмини ҳосили фаровон ва рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Мансур Каримзода ба масъулини соҳа ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия оид ба истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин ва иҷрои босифати нақшаҳои кишоварзӣ суҳбат карданд.