Дар ин мусобиқа варзишгарони наврасон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.
Мусобиқа бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир мегардад. Зимни кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини раиси ноҳия Ҷунайдулло Каримзода иштирок намуда, зикр кард: “маврид ба ба гуфтан аст, ки имрӯзҳо гӯштини самбо дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намудааст”.