Чанде пеш дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия, мусобиқаи кушоди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Файзобод», ки як моҳ идома дошт, ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардид. «Ҷоми раиси ноҳияи Файзобод»-ро футболбозони мактаби варзишии ноҳия сазовор гардиданд.
Дар мусобиқаи имсола беш аз 15 даста, аз раёсату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия фаъолона иштирок доштанд.
Дар вохӯрии финалӣ дастаи мактаби варзишии ноҳия бо дастаи шуъбаи маорифи ноҳия рақобат намуд, варзишгарон бо ҳисоби калони 11: 3 қалаба карданд ва беҳтарини даста будани худро исбот намуданд.
Ҳаминтавр ҷойи аввал насиби мактаби варзишии ноҳия, ҷойи дуюм шуъбаи мориф ва ҷойи сеюм насиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шуд.
Ғолибони ҷойи якум бо Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, ҷойи дуюм бо медал, диплом ва туҳфаҳо ва ҷойи сеюм бо диплом, туҳфаҳо ҳавасманд гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ раиси ноҳия Мансур Каримзода, иштирок намуда
изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби сокинони ноҳия ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби омма ба варзиш мебошад.
Мансур Каримзода, дар вазъияти тантанавӣ «Ҷоми раиси ноҳияи Файзобод»-ро ба футболбозони дастаи мактаби варзишии ноҳия туҳфа кард. Инчунин, иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардиданд.