Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Ҳамзамон, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ суҳбат намуд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад.