Ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём, инчунин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26-уми январи соли 2026 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода, Раъно Давлатзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кимиё Мирзозода шуъбаи маорифи ноҳия, инчунин, намояндагони дигар бахшу шуъбаҳои ноҳия бо омӯзгорону хонандагон ва волидайни онҳо иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли 2025, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.
Иштирокдорон доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карда татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Баҳри рушду пешрафти тамоми самтҳои стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, саҳм гузоштан дар ободии диёр, ҷалби бештари сайёҳон ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад. Ҳамзамон, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфтанд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем,- гуфта шуд зимни вохӯрӣ.
Масъулон масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намудан, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти саноати дошта дар ҳудуди ноҳия дастгирӣ карда шаванд.
Ҳамзамон, ба аҳолӣ доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ҳосил нағз, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти зарурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳо суҳбат намуданд.
Маврид ба гуфтан аст, ки чунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.