ИДОМАИ ВОХӮРӢ ДАР ДЕҲОТИ МЕҲРОБОД

print
 Дар доираи нақша чорабиниҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар деҳаи Устошамс ва Шифобахши Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳия вохӯрии судманд миёни ҷавонону собиқадорони Ҷамоат доир гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия, намояндагони шуъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши хадамоти муҳоҷират, котби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд.Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ доир ба самтҳои Паём ва ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю кӯшиш намоем.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки тарбияи наврасон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон, арҷгузори ба сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани меҳру садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи ҳар яки мост.
Ёдовар бояд шуд, ки суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо миёни сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code