Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

print

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Декани Коллегияи кардиналҳои Тахти Муқаддас муҳтарам Кардинал Ҷованни Баттиста Ре барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Воломақом,

Хабари даргузашти Олиҳазрат Попи Рим Франсиск боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Марҳум бо фаъолияти доманадори худ  ба ҳайси Понтифики бузург дар умури ҷаҳонӣ саҳми босазо гузошта, бо ибтикороту амалҳои созандааш дар саросари олам маъруфият пайдо карда буд. Мо хизматҳои шоёни ӯро дар таҳкими муколама миёни тамаддунҳо ва татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ризояти умум аз ҳар ҷиҳат назаррас медонем ва қадр мекунем.

Зимнан, бо изҳори таассуроти нек аз мулоқоти инҷониб бо Олиҳазрат дар Ватикан, ки соли гузашта сурат гирифта буд, мехоҳам аз саъю кӯшишҳои пайвастаи ӯ дар ҷодаи таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Тахти Муқаддас ёдовар шавам.

Дар робита ба ин мусибати гарон ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва пайравони калисои католикӣ баён менамоям».

 

Шарҳи худро гузоред

*

code