Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

print
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати фаро расидани 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария бипазиред.
Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда робитаҳои гуногунарсаи ҷонибҳо бомаром рушд ёфта, имрӯзҳо фарогири доираи васеи соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои судманду созанда мебошанд.
Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, ки дар марҳалаи рушди босубот қарор гирифтаанд, назари нек дорад.
Мо ҳамеша алоқаманди пешбурди самарабахши ин муносибот дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва омодаем, ки бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ба раванди таҳкиму тавсеаи онҳо такони тоза бахшем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу комёбиҳо, ба мардуми дўсти Конфедератсияи Швейтсария сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.

http://prezident.tj

Шарҳи худро гузоред

*

code