Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

print

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд

11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро расонам.

Мо сатҳи имрӯзаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баланд арзёбӣ менамоем.

Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши минбаъдаи онҳо бар пояи арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ, рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар бори дигар таъкид намоям.

Дар ин зимн муколамаи фаъоли байнидавлатии сатҳи олӣ ва баландро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи муносиботи ду кишвари ба ҳам дӯст медонем.

Бовар дорам, ки мо тавассути саъю талошҳои якҷоя мазмуну муҳтавои муносиботи кишварҳоямонро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн боз ҳам ғанӣ гардонида, рушд хоҳем дод.

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комилу беҳрӯзӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон дастовардҳои навин, ба мардуми бародари Покистон сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзумандам».

 

Шарҳи худро гузоред

*

code