«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли таассуф ва андӯҳи амиқ хабари шаҳодати Роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва ҷамъе аз масъулини давлатӣ ва фармондеҳонро дарёфт кардем.
Бо арзи маротиби таслият ба миллати шарифу сарбаланди Эрон бинобар ин талафоти бузург, мехоҳам бар нақши мондагори шаҳид Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ дар рушди равобити ҳамаҷониба ва созандаи Тоҷикистону Эрон ва таҳкими ҳамкориҳои ду миллати бостонӣ ва тамаддунофар таъкид намоям.
Дар ин айёми фоҷеабор барои мардум ва кишвари бародари Эрон ғамшарикии мардуми Тоҷикистонро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди маннон барои ҳамаи он шаҳидон, ки дар ҷавори раҳмати Илоҳӣ ҷой гирифтаанд, ғуфрони абадӣ ва барои ҳамаи пайвандони азизи онҳо сабри ҷамил дар ин мусибати ҷонкоҳ масъалат дорам».

