26 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати мо табодули афкор анҷом дода шуд.
Сарвари давлат иштироки фаъолонаи боксчиёни тоҷикро дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намуда, натиҷаҳои баланди онҳоро дар солҳои охир тазаккур доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат дастовардҳои боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои осиёиро дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар онҳо боксчиёни мо як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд, таъкид намуданд.
Ҳамчунин, ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи бокси Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи ин намуди варзиш андешида мешаванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин, ба ҳамкории минбаъдаи судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс изҳори умед намуданд.