РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА: Гусели ҷавонони ватандӯсти ноҳия ба хизмати ҳарбӣ

print

Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба як маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳиси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякардаи худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр медиҳанд.
Имрӯз маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тантанаи хос ва руҳияи ватандӯстӣ оғоз шуд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд. Чун анъана дар ин рӯз, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Файзобод маросими тантанавии гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мансур Каримзода, иҷркунандаи вазфаи раиси ноҳия зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси ноҳия барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – Модар бо ҳам омаданд ва баҳри хизмати содиқона хизмат камари ҳиммат бастаанд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки хизмат кардан ба Ватан – Модар бояд барои ҳар яки шумо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи ҳар кадом аз фарзандони миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Зикр шуд, ки Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23.12.2022 зимни паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бомаврид қайд намуданд, ки: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар мебошад”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимеро ба анҷом расондааст. Мансур Каримзода зикр кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард.
Ив раиси ноҳия ба волидоне, ки фарзандонашон дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд сипосгузорӣ намуда, изҳори итминон кард, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси ноҳия ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
Тоҳир Наҷмиддинзода, яке аз наваскарон баромад карда гуфт, ки “мо ҷавонони кишвар, ба боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба мо ҷавонон бовар карда, гуфтаанд: “Ҷавонон ояндаи миллатанд”, гумон мекунам хизмати аввалиндараҷаи мо ба Ватани азизамон шомил шудан ба Артиши миллӣ мебошад. Фаромӯш накунем, ки хизмати Модар – Ватан ин қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост!”
Ҳамчунин, дар чорабинӣ падару модарони наваскарон аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан сухан карданд. Дар анҷоми чорабинӣ модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газонданд. Маврид ба ёдоварист, ки наваскарон пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуда, ба онҳо ҳуҷҷати хонандагӣ супурда шуд. Инчунин, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, манзури ҳозирон карданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code