Тавре маълум аст, 2-юми марти соли ҷорӣ дар кишвар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ баргузор хоҳад шуд. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои мардуми тоҷик ниҳоят муҳим буда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамои ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагиҳо муташаккилона давом доранд.
Мансур Каримзода, зимни боздид роҷеъ ба интихобот ёдовар шуданд, ки тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, бақайдгирии номзадҳо, тартиби овоздиҳӣ, ташкили нақшаи тақвими интихобот, ҷадвали навбатдорон дар ҳавза ва учаскаҳои интихоботӣ, ба таври дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, овезаҳо, корҳои ободонӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба интихоботи дар пеш истода ба масъулин тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия иброз намуданд, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Файзобод дар фазои озод бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.