РОҲИ ДЕҲАИ САРИ ЧАШМА МУМФАРШ ГАРДИД

print

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва шахсони саховатпешаю сокинони маҳал як километр роҳи деҳаи Сари Чашмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия бо маблағи 600 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.
Ин роҳ дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мумфарш гардид.
Ҳарчанд, ки солҳои пеш бо қарори раиси ноҳия ин деҳа, ки дар он мақбараи Ҳотами Асам ҷойгир мебошад, хатсайри сайёҳӣ эълон шуда буд, вале роҳи он обод набуд. Ҳамарӯза садҳо нафар меҳмонону сокинон ба зиёрати ин шахсияти таърихӣ меоянд. Инак роҳи деҳаи Сари Чашма ба талаботи роҳдорӣ мутобиқ гардонида шуд.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Файзобод Зиёратшо Акрамзода иброз дошт, ки дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 286 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошанд, ки аз ин 48 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 1,7 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 136 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллиро ташкил медиҳанд.
Имсол ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолону аҳолӣ зиёда аз 16 000 км роҳҳои байни деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мумфарш карда шуданд, ки ин амали хайр солҳои оянда низ идома меёбад.

https://khovar.tj/

Шарҳи худро гузоред

*

code