РОҲИ ДЕҲАИ ЗАРКАМАР АСФАЛТПӮШ ГАРДИД

print
 Роҳҳо на танҳо минтақаҳои гуногунро ба ҳам мепайванданд, балки яке аз омилҳои асосии пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто, зикр кардан бамаврид аст, ки бунёду ободонии роҳҳо, пеш аз ҳама, иқдоми некбинонаву созанда буда, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ноҳия дар ин самт рӯ ба афзоиш ёфта, татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ густариши тоза пайдо намуда, рушди устувори соҳаҳо марҳала ба марҳала таъмин гардида истодаанд. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бунёди иншооти гуногун ва таъмиру бозсозии роҳҳо бомаром идома дорад.

Деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлол бо 800 хоҷагӣ ва 10 ҳазор аҳолӣ калонтарин рустои Файзобод мебошад. Айни замон дар ин русто сохтмони толори варзиш ва муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак идома дорад. Дар ҳар кӯчаи деҳа имрӯзҳо мардумро саргарми кор мебинем. Ҳама пайи ободонианд. Медонанд, ки ободии Ватан аз ободии кӯчаву рустои хеш сар мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва мардуми деҳа дар партави сиёсати созандагиву бунёдкории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.
Бо истифода аз боду ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ, бо ибтикори соҳибкорони деҳа ва саҳми сокинон 10 километр роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳо асфалтпӯш гардид. Асфалтпӯшкунии роҳҳо дар дигар кӯчаҳо бомаром идома дорад.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code