КӮЧАҲО ВА РОҲИ ДЕҲАИ ЗАРКАМАР АСФАЛТПӮШ МЕГАРДАД

print

Дар деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30- солагии Истиқлол”- и ноҳияи Файзобод асфалтпӯшии роҳи дохилии деҳа оғоз ёфт
Маврид ба зикри хос аст, ки роҳҳо на танҳо одамон ва минтақаҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад, балки яке аз омилҳои асосии пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки бунёду ободонии роҳҳо, пеш аз ҳама иқдоми некбинонаву созанда буда, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ин самт рӯ ба афзоиш ёфта, татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ густариши тоза пайдо намуда, рушди устувори соҳаҳо марҳила ба марҳила таъмин гардида истодаанд.
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод дар доираи корҳои ободониву созандагц бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншоотҳои гуногун ва таъмиру бозсозии роҳҳо бомаром идома дорад.
Деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30- солагии Истиқлол” дар баробари дигар деҳаҳои ноҳия бо руҳияи созандагиву бунёдкорц барои сазовор ҷашн гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ омодагиҳои ҳаматарафа дида истодааст.
Бо истифода аз обу ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ бо ибтикори соҳибкорони деҳа ва саҳми сокинони он ҷиҳати истиқболи сазовор аз ҷашҳои миллии дар пеш истода мумфаршкунии кӯчаву роҳҳои нақлиётгард ва таъмиру азнавсозии он бомаром идома дорад.
Сокинони ватандӯсту бунёдкори ин деҳа бо азму иродаи қавӣ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида дар як муддати кӯтоҳ роҳи деҳа ва кӯчаҳои онро асфалтпӯш намоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо дастгирии соҳибкорон ва ҳашари оммавӣ то ин муддат бо шарофати Истиқлоли давлатӣ симои деҳаҳои Ҷамоат ба куллӣ дигар гардида, қомат афрохтани силсилабиноҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои солимгардонӣ, марказҳои савдову хизмати маишӣ, мағозаҳои молҳои талаботи ҳаррӯза симои деҳаҳои Ҷамоати шаҳраки “30- солагии Истиқлол” диданиву назаррабо гардонидаанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ин амали нек низ бо роҳи ҳашар ва маблағгузории соҳибкорону аҳолии саховатпеша идома дорад.

Шарҳи худро гузоред

*

code