ХУШХАБАР!

print

Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 пирӯз шуд
Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави бемории шаҳрвандон ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Инчунин, давоми як шабонарӯзи охир 5 нафар аз бемории мазкур шифо ёфт, – хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то 13 сентябр дар мамлакат 17084 нафар гирифтори коронавирус сабт ва аз ин шумора 16953 кас шифо ёфтааст. 124 нафар фавтид.
Сарфи назар аз ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба ҳудуди мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.

Шарҳи худро гузоред

*

code