САМАРИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

print

Инак, чанд муддате аз таҳияву такмил ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сипарӣ гашт. Фурсат чандон тӯлонӣ нест, аммо ҳамовозиву ҷонибдории мардум ва баъзе натиҷаву ҷузъиёти мусбати дигарро дар ин самт мушоҳида менамоем. Махсусан дар маҳалҳову деҳоти кишвар баъзе падидаҳо мавриди қабулу пазироиянд. Чанде қабл дар кишварамон иди Қурбон таҷлил гардид. Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев  чандин деҳаҳои хурду бузургро дар бар мегирад. Тибқи супориши раиси ноҳия чанд рӯз қабл аз оғози ид мо – кормандони Ҷамоат дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ҷамоат бо мардум мулоқоту суҳбатҳо доир кардем. Мушоҳида он аст, ки мардум ҳама якдилона ҷонибдори сарфаву сарриштакорӣ мебошанд. Дарди дерин танҳо он аст, ки тақлидкориву мусобиқаи дастурхонороӣ то ҳол онҳоро азоб медиҳад ва аз ошкор гуфтани дарди дилашон аз ҳамдигар мешарманд. Яъне, гирифтори ҳамон хурофоте мебошанд, ки ба дин ягон иртибот надорад.

Таҷлили индафъаинаи ид аз дигар идҳои пешин фарқ дошт. Мардум ҳам бо эҳтироми Қонун ва ҳам муроҷиатҳову дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ид хеле кам ба хароҷоти беҳуда роҳ доданд. Инро натиҷаи тарғибу ташвиқи чанд моҳи охир медонем. Мушоҳида гашт, ки дастурхонҳои мардум нисбатан хоксоронатар шудаанд. Дар мавриди қурбониву забҳи чорво чунин мушоҳида гардид, ки оилаҳои нисбатан камбизоату серфарзанд, ки маросими қурбониро бо қарзу душворӣ барпо мекарданд, ин ид қурбонии худро мавқуф гузоштанд. Муҳимтарин тағйироту навгонии ин ид он буд, ки мардум даста-даставу гурӯҳ-гурӯҳ “қурбонихӯрӣ” накарданд. Ҳатто чанд нафар баъди ид гуфтанд, ки «гӯшти курбонӣ» қариб, ки дар хонаҳоямон боқӣ монду аз ноилоҷӣ онро кам-кам ба ҳамсояҳое, ки серфарзанду камбизоат буданд, тақсим кардем”. Чаппотибандиву кулчапазии рӯзи иди Қурбон низ хеле кам гардид. Ишораи Пешвои миллат дуруст аст, ки идҳои мазҳабиро мо бояд ба як зиёфату тӯй табдил надиҳем.  Аз ин хотир чанд сокини ҷамоат иброз доштанд, ки ҳар ид то 1000 сомониву аз он зиёдтар хароҷот мекардаанд. Дар ин ид “бо қарори ҷаласаи оила” бо харҷи камтари маблағ халос шуданд. Алабатта, ҳанӯз ин оғози кор аст.

Мазмуну мантиқи ифодаи “дастурхони маънавӣ”-ро мардум феълан дарк менамоянд. Кӯчаҳои деҳаҳо дар идҳои қаблӣ пуропури одамон буданд, ки “ҳамсинфон бо ҳамсинфон”, “дугонаҳо бо дугонаҳо”, “ҳамкурсон бо ҳамкурсон”, “ҷӯраҳо бо ҷӯраҳо”, “миёнасолон бо миёнасолон”, “мӯйсафедон бо мӯйсафедон’… хонагаштак менамуданд. Фармудаи дини мубини Ислом он аст, ки дар ин рӯзҳо одамон бештар ба хонадони мусибатзадаҳое рафта дуо кунанд, ки тоза наздикони худро аз даст додаанд. Фарзандон ба мазору қабристонҳо рафта, барои арвоҳи волидайну наздикони худ дуои хайре кунанд. Аз ҳоли беморону нотавонон хабар гиранд. На он аст, ки аз саҳар то шом дари ҳар як хонаи шиносу ношинос рафта, 20-30 нафар сари дастурхон ба қаҳ-қаҳаву зиёфатхӯрӣ андармон шаванд. Вой ба ҳоли он соҳибхонаи нодоре, ки он рӯз ба хонааш ин гуна панҷ-шаш гурӯҳ ба меҳмонӣ оянд. Шукр, ки мардум аз ин хонагаштакҳои беҳисоб даст кашида истодаанд.

Масъалаи танзим фақат таҷлили ду иди суннатии аҷдодӣ намебошад. Маросимҳои “оши сари тахта”, “се”, “чил”, “сол”, “душанбегӣ”, “ҷумъагӣ”, “ҳафт”, “бист” ва “шашмоҳагӣ” аллакай бе забҳи чорво ва бе додани таому зиёфатҳо гузаронида мешаванд. Қонун ин ҳамаро минбаъд иҷозат намедиҳад. Мардум акнун ба ин навгониву ислоҳоти фарҳангӣ ҷонибдоранд. Масалан, забҳи чорво дар хонаи азодор дар рӯзи ҷанозаву мусибат ба пуррагӣ гум гаштааст. Алабатта, оғози кор то ҳадде душвориҳо дорад, ки ин дар навбати аввал аз ноогоҳии мардум аст.

Дар мавриди тӯйҳову маъракаҳои хонадоршавии ҷавонон мардуми деҳот ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ буд. Бовар кунед, ки дар тӯи хонадоршавии ду нафар ҷавон тамоми деҳа чанд рӯз саргардон буд. Таън буд, ки касе дар тӯи ҳамдеҳа ширкат намекард. Сарборӣ ба гардани тӯйдор буд, ки чанд рӯз кораш фақат пухтани та­ому додани зиёфат буд.  Акнун ҳолат дигар шудааст. Имрӯз мардум одат кардааст, ки бо як таом дар вақти муайян ҳама маъракаи хурсандии ху­дро дар доираи маҳдуду харҷи кам гузаронад. Кӯтоҳ карда мегӯем, имрӯзу дурнамои масъалаи танзим нек аст ва ҳеҷ зараре ба халқ надораду нахоҳад дошт.

Зайдулло ЗУБАЙДОВ,

раиси Ҷамоати деҳоти ба номи

Дӯстмурод Алиев.

Шарҳи худро гузоред

*

code