Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯрии раиси ноҳия Холзода Бобишо Нарзулло бо сокинон оғоз ёфтааст. Вохӯрии аввалини раис бо сокинони шаҳраки Файзобод дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рапова бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат баргузор гардид. Раис вобаста ба масъалаҳои ба миёнгузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳраки Файзободро ба корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои коррупсионӣ, ба касбомӯзию меҳнати созанда ҷалб намудани сокинон, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, риояи қатъии Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар амалҳои фоидабахш ҳидоят намуд. Раиси ноҳия зик намуд, ки соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.
Бояд гуфт, ки соли равон барои мардуми сарбаланди ноҳия соли таърихи хоҳад буд дар ин сол ноҳия сохтмони иншооти нав, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, инчунин, таҷдиду азнавсозии роҳу маҳаллаҳо натанҳо дар маркази ноҳия балки дар деҳоти атрофи он ҳам бомаром сурат гирифта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Сокинони сарбаланид ноҳия бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромию осудагии кишвар бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дастаҷаъмона кӯшиш менамоянд. Ҳар яки моро зарур аст, ки корҳои ободонию созандагиро дар шаҳраки Файзобод, ки симои асосии ноҳияро таҷассум менамояд, суръат бахшем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тарҳи нави аз нав созии шаҳраки Файзободро рӯи кор гирифтааст. Аз ин хотир ҳамаи сокинони шаҳрак, кормандони ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигиро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳояи тарҳрезишуда дар самти ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намоянд. Баробари ин корҳои ҷараёндошта сохтмони як қатор иншооти дигари муҳим дар қаламрави шаҳрак роҳандозӣ мегардад. Яке аз ин иншоот сохтмони майдони Исмоили Сомонӣ бо гузоштани нимпайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад, ки аллакай, корҳои омодагӣ оғоз гардидааст. Ҳамзамон, вобаста ба ин ба мавзеи рӯ ба рӯи майдон кӯчонида дар сатҳи баландтар ҷойгир кунонидани Парчами давлатӣ дар назар аст. Инчунин, бояд соли оянда дар боғи фарҳангӣ истироҳатии ноҳия, ки бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба номи шоири тавонои тоҷик Бозор Собир гузошта шудааст, нимпайкараи шоир гузошта шавад, ки ин нишонаи эҳтиром ба шоири нотакрори миллати тоҷик аст.
Солҳои охир дар баробари рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, боло рафтани сатҳи зиндагии сокинон ва аз файзи Истиқлолу озодӣ боло рафтани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ дар зиндагию фаъолияти ҳаррӯзаамон ба ҳодисаю воқеаҳои зиёди номатлуб, аз ҷумла паҳншавии афкори бегона, ифротгароию тундгароӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро, тарғиби фарҳанги бегона, ҳодисаҳои худсӯзию худкушӣ ва амсоли ин рӯ ба рӯ мегардем. Ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем фарзандонамонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанхоҳӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиамонро тарбия намоем. Раис изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шаҳраки Файзобод бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, сулҳу суботи сартосарӣ, ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешида, баҳри риояи фарҳангу эътиқоди миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангии миллат ва ободии диёри биҳиштосоямон ҷаҳду талош меварзанд.
Аз идора: Рӯзномаи «Набзи Файзобод» моҳи октябр зери сарлавҳаи «Соли 2022 – соли ободии шаҳраки Файзобод» мавод чоп намуда, барои ҳамеша тозаю озода будани маркази ноҳия ва маҳаллаҳои гирду атрофи он аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро барои иҷрои ин масъала водор намуда буд. Боварӣ дорем, ки баъди вохӯрии раис ҳамагон атрофи роҳбарияти ноҳия баҳри ободию тозагии шаҳрак ҷамъ меоянду ин гӯшаи зебоманзари диёрро боз ҳам диданию обод менамоянд.
ДАР СУРАТҲО: лоиҳаҳои кӯчаи марказии ноҳия баъди азнавсозӣ.