ШАНБЕГӢ ВА ТОЗАКОРӢ ДАР НОҲИЯ

print

Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони меҳандӯсти он ташаббусҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, ҷиҳати пешвоз гирифтани ҷашни аҷдодии тоҷикон – Наврӯзи оламафрӯз ва тозаю озод гардонидани марказ ва шаҳраку деҳонҳои он камари ҳиммат мастаанд. Дар асоси нақша- норабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, имрӯз бо иштироки кормандони бахшу идораҳои назди мақомот ва доираи васеи сокинони ноҳия шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар рафти шанбегӣ тоза кардани роҳу ҷӯйборҳо ва дигар корҳо ба анҷом расонида шуд, ки ба ҳусни ноҳия тозагиву таровати нав зам намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватан дар зери таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Мансур Каримзода қарор дошта, дар ин самт пайваста корҳои назаррас ба анҷом расида истодааст. Айни ҳол сокинони ноҳия аз рӯзҳои офтобии баҳор итифода бурда, тоза намудани ҷӯйборҳо, роҳо ва дигар корҳои шанбегиро ба роҳ монда дар ин самт, ҳамчунин, корҳои тозагӣ дар марказу деҳотҳои ноҳия бо маром идома дорад.
Лозим ба зикр аст, ки чунин ташаббусҳои созанда ва ободкоронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Шарҳи худро гузоред

*

code