СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ: ҲАМА МАСЪУЛЕМ

print

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастури роҳнамоест, ки дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳоро муайян месозад. Дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ кафолати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Бояд гуфт, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ – ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ-асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири мусбат дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон нақши бориз гузошта, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Бе эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста аст. Соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бозҳам водор менамояд, ки аз пайи дар пай дар омӯзиши маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорем, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ инсон эҳтимол дорад, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ занад. Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари андешидани дигар тадбирҳо, шаҳрвандон бояд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои худро дар назди қонун дар сатҳи зарурӣ донанд.
Бояд гуфт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ амри бисёр муҳимест, ки метавонад дурнамои неку шоиста дошта бошад. Зеро дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таваҷҷуҳ ба ин масъала зерсохторҳои ҷомеаи ҳуқуқмеҳвару қонунсолорро боз ҳам истеҳком мебахшад.
Дар Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайримақул” дар ноҳияи Файзобод ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, худшиносии миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол, интизоми намунавии кормандон, содиқ будан ба Ватани азиз ва арзишҳои он, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ватанпарастӣ ва ба ин васила сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳамзамон, гуфтан ба маврид аст, ки яке аз вазифаҳои муҳим, ки дар назди мо – кормандони Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайримақул” дар ноҳияи Файзобод, ин фаҳмондани моҳияти қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба сокинони ноҳия мебошад.
Эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ маҳз ба ҳамин хотир аст, ки дониши ҳуқуқии шаҳрвандон боло бурда шавад, одамон боз ҳам талош кунанд, ки аз ҳуқуқҳои хеш огоҳ бошанд, талаботи Қонунро эҳтиром намуда, дар таъмини волоияти Қонун бо мақомоти давлатӣ шарик бошанд. Дар ин замина, Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайримақул” дар ноҳия, бо эҳсоси масъулияти дучанд дар назди халқу Ватан кӯшиш мекунанд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва фаҳмонидани донишҳои ҳуқуқӣ ба сокинону меҳмонони ноҳия бештар саъю талош дошта бошанд, то соли 2024 воқеан, соли боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат гардад.

Икромиддин Сайдаҳмадов,
Директори Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайримақул” дар ноҳияи Файзобод

Шарҳи худро гузоред

*

code