СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ Ҷомеа ба маълумот ва машваратҳои ҳуқуқӣ ниёз дорад

print

Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастури роҳнамоест, ки дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳоро муайян месозанд. Дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ кафолати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.

Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро боз ҳам водор менамояд, ки пайи омӯзиши маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда,

маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорем ва ба омма мафҳуми маърифати ҳуқуқиро фаҳмонем, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ инсон эҳтимол дорад, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ занад. Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари андешидани дигар тадбирҳо, шаҳрвандон ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои худро дар назди қонун дар сатҳи зарурӣ донанд.

Бояд гуфт, ки боло бурдани дониши ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳиму асосии кам кардани сатҳи ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ва пешгирии онҳо мебошад. Донистан ва риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ шаҳрвандонро водор мекунад, то дар баробари бархӯрдор будан аз озодии воқей, ҳамчунин, масъулиятро дар назди қонун ва давлат ҳис намоянд. Аз ин ҷост, ки маърифати ҳуқуқӣ барои боло бурдани одобу ахлоқ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ низ мусоидат мекунад. Яъне, уҳдадориҳои шаҳрвандӣ эҳтироми ҳуқуқҳои дигарон ва дар ин баробар халалдор накардани раванди

тартиботи ҷамъиятӣ низ мебошад. Дар заминаи Паёми Сарвари давлат мебинем, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни оммаи васеъ дар мавриди моҳияти маърифати ҳуқуқӣ зиёд шуда истодааст, ки албатта бенатича нестанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои пешин ҳам барои боло бурдани дониши сиёсиву ҳуқуқӣ амалҳо мушоҳида мешуд, аммо муроҷиати бевоситаи Пешвои миллат таваҷҷуҳро ба ин масъала беш аз пеш намуд.

Таҷрибаҳо нишон дода истодаанд, ки ҷомеа ба маълумот ва машваратҳои ҳуқуқӣ ниёз дорад. Таваҷҷуҳи дигарбораи Сарвари давлат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар ин самт корҳои судмандеро анҷом дода, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст. Татбиқи ин санадҳо дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа таъсири амиқ гузоштаанд.

С. ҲУКМАТУЛЛОЗОДА, нотариуси давлатии Идораи нотариалии

давлатии ноҳияи Файзобод. Бознашр аз рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Шарҳи худро гузоред

*

code