Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, дар ҳамкорӣ бо намояндагонӣ шуъбаи маорифи ноҳия, комиссарияти ҳарбии ноҳия, ва дигар сохторҳо дар деҳаи Заркамар-1, Заркамар-2 ва Муминободи ҷамоати деҳоти Мискинобод, вобаста ба таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ доир гардид.
Раиси ноҳия Бобишо Холзода, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ бештар масъалаҳои доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр карда шуд, ки ҳимояи манфиятҳои иҷтимоии мардум барои паст кардани сатҳи камбизоаӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфияти иқтисодӣ ва фазои м анавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд, мусоидат карда метавонад.
Инчунин, гуфта шуд, ки вазифаи асосии падару модар ин тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои фарзанд мебошад.
З. РАҶАБЗОДА