СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАИ ДАШТ

print

Дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар чанде пеш дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳия бо иштироки сокинони фаъоли  ҷамоати вохӯрии судман доир гардид.
Дар вохӯрии маскур раиси ноҳия, муовини аввали раис, комиссарияти ҳарбии ноҳия, намоянда аз шуъбаи маорифи ва раиси ҷамоат иштирок ва вобаста ба нуқтаҳои асосии Паён сухан ронданд.
Инчунин, дар вохӯрӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” “Стратигияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030”, “Стратигияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон борои солҳои 2021-2025” ва дигар масъалаҳо сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.
Зимни мулоқот масъулин доир ба одобу ахлоқи ҳамида дар кору фаъолият ва фарҳанги либоспӯшӣ ибрози андеша карданд.
Ҳамчунин, суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо миёни сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.

Шарҳи худро гузоред

*

code