СУҲБАТУ МУЛОҚОТИ МАНСУР КАРИМЗОДА БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАИ ДАШТ

print

Паёми Сарвари давлат, ҳуҷҷати раҳнамунсозу барномавӣ, китоби руйи мизӣ, сармашқи кору фаъолияти ҳар як шахси тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ин ба амри таърих дар давоми тамоми тули фаъолият бардавом хоҳад монд. Имрӯзҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия вохӯриҳои судманд доир гардида истодааст. Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашт мулоқоту вохӯрии раиси ноҳия Мансур Каримзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахши назди мақомот ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо вакилони маҳаллӣ, фаъолон ва ҷавонону собиқадорони Ҷамоат баргузор шуд.
Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни мамлакатро дарбар мегирад. Ҳамзамон, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд. Инчунин, зикр шуд, ки ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардум қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, якдилона иқдом ба корҳои созанда намоем,- гуфта шуд зимни вохӯрӣ.
Бояд зикр кард, ки чунин суҳбату вохӯриҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсилавохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ идома доранд.

Шарҳи худро гузоред

*

code