ҶАШНИ ИДИ МОДАР ДАР МТМУ №59
Ба муносибати Рӯзи Модар дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод чорабинии идона доир гардид. Чорабиниро хонандагони муассисаи маскур, ки он фарҳангию фароғатӣ буда, аз қироати шеъру тарона, маърӯзаву сурудҳои дилнишин ва саҳначаи пандомӯзу ибратомӯз оғоз намуданд. Омӯзгорону хонандагон чорабиниро бо шавқу мароқи хоса тамошо карданд.
Дар оғоз сардори муассиса Алиев Тағой суханронӣ намуда, кулли бонувон ва хонандагонро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфтанд. Ҳамчунин, ташаббускорони чорабинӣ хонандагони синфи 11 бо ироаи суханони пурмуҳтаво дар ситоиши зан-модар ҳозиринро бо омадани баҳор ва фарорасии Наврӯз самимона табрик намуд.
Хонандагони муассиса, тавонистанд дили аҳли толорро шод гардонанд. Дар маҳфил саҳначаи пандомӯзро хонандагон тавре пешкаш намуданд, ки аз чашмони аксарият аҳли толор ашк беихтиёр ҷорӣ гардид. Хонандагони муассиса бо маҳорати хосаи шогирдона, вале то андозае касбӣ тавонистанд бузургии меҳри модарро ба маъраз гузоранд.
Ташкили чунин мафҳилҳо миёни хонандагон басо ибратомӯз буда, аз он метавон ғизои хуби маънавӣ гирифт.
Дар ҳақиқат, меҳри модар поён надорад. Мо дар канори модар ба воя мерасем. Инсон танҳо баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар ба қадру қимати ӯ мерасад. Пас, биёед, ҳамсолони азиз, ҳамарӯз модарро гиромию азиз дорем. Ҳастии модарон ҳастии мост, -зикр карданд хонандагон.
Ҳамин тавр, ҷамъомади мазкур бо қироати шеъри гурӯҳии дилнишине дар васфи модар хотима ёфт.
З. РАҶАБЗОДА