Бояд гуфт, ки Ҷашни Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Намоишгоҳи идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хурокҳои миллӣ оро ёфт, боиси хушҳолии иштирокдорон гардид. Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи чорабини маскур, дар маркази ноҳия ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз онҳо сокинони ноҳия бо нархи арзон маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намуданд.
Ин аз намоишгоҳ фаровонии маҳсулот ва меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони ноҳияи Файзобод дарак медиҳад.
Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод таъкид гардид, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Раиси ноҳия Холзода Бобишо зикр намуд, ки соли 2021-ро кишоварзони ноҳия бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудаанд. Аз ҷумла, соли сипаришуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба андозаи беш аз 300 миллону 23 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки аз ин 144 миллиону 491 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 156 миллиону 532 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2020 30 миллиону 455 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки фаъолону кишоварзон ва дигар сокинони ноҳияи Файзобод дар макони баргузории чорабинӣ гулхан афрухта, дар атрофи он аз шодиву хурсандӣ намуданд ва омодагии худро ба давраи муҳайё сохтани шароит барои кишту кори баҳорӣ собит доштанд.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.
Ҳамзамон, зикр кард, ки баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.
Бахшида ба Ҷашни Сада як қатор кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоату деҳоти ноҳия бо “Ифтихорномаю Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қадрдонӣ гардиданд
Ҳамчунин, дар доираи ҷорабини маскур ятимони ноҳия бо туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хурсанд гардонида шуданд.
Барномаи рангини аҳли санъату ҳунари шуъбаи фарҳанги ноҳия дар чорабини шукӯҳи дигар бахшид.