ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР НОҲИЯ

print
Имрӯз дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Раупова ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола санаи 10 ноябр дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад, бо иштироки раиси ноҳия, сардорони сохторҳои қудратӣ, намояндагони бахшу идораҳои назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохила чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Сардори шуъбаи милитсия дар ноҳияи Файзобод полковники милитсия Ҷаборзода Илҳом Саттор дар сухани ифтитоҳии хеш кормандони милитсияро ба ин рӯз табрик намуданд. Ҳаминтавар чорабинии идона таҳти навои мутантан ба саҳна ворид гардидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ оғоз гардид.
Баъдан раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Файзободро ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуда, аз саҳми онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ дар мамлакат, дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими фаъолияти мақомоти корҳои дохила сухан гуфт.
Ҳамчунин, ёдовар шуданд, ки милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар баробари дигар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, худро ҳамчун ниҳоди муҳим ва боэътимод муаррифӣ намуда, бо далерию шуҷоатмандӣ, ҷонфидоию кордонӣ, садоқатмандӣ ба халқу Ватан, оштинопазирӣ бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат миёни ҷомеа соҳиби обрӯю эҳтироми баланд гардидааст. Кормандони ин мақомот дар барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҳама гуна ҷинояткорию ҳуқуқвайронкуниҳо ва пешравию шукуфоии кишвари азизамон-Тоҷикистон ҳиссаи босазо гузоштаанд.Иброз гардид, ки кормандони милитсия ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, аз ҷумла мубориза бо экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дигар унсурҳои ҷиноӣ, пурзӯр гардонидани кор дар самти риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти баланд зоҳир менамоянд.   

«Кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ қарор дошта, ҳимоятгари аҳли ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи таҳсини милитсияи тоҷикро ҳамеша қадр мекунад»,-гуфта шуд дар ин ҳамоиш.
– Боиси хушнудист, ки кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ҳамеша ба корашон бо дарки баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ муносибат намуда, ба халқу диёр содиқона хизмат менамоянд. Онҳо пайваста анъанаи неки насли калонсолро идома дода, таърихи милитсияи тоҷикро бо корнамоиҳои шоёни худ бою рангинтар менамоянд.
Кормандони милитсия ба ҳеҷ як душворию норасоӣ нигоҳ накарда дар ҳама ҳолатҳо ҷони хешро ба гарав монда, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандонро ҳифз менамоянд ва тартибу низоми ҷомеаро барқарор месозанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аз ҷониби ҳайати шахсии ин ниҳод ошкору бартараф намудани садҳо ҳолатҳои қонуншиканию қонунвайронкунӣ, пешгирии онҳо ва кушодани ҷиноятҳо мебошанд. Хамарӯза тавассути заҳматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия дар мамлакат даҳҳо ҳодисаҳои қасди содир намудани ҷиноятҳо бартараф карда шуда, ҳаёти осоиштаву пурсаодати мардумамон таъмин карда мешавад.
Ман имрӯз аз ин минбари идона ба ҳамаи онҳо аз номи мақомоти иҷроия ва шахсан аз номи худам сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям, – зикр кард раиси ноҳия..
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки боиси ифтихор аст, ки ҳайати шахсии шуъба имрӯз анъанаи неки собиқадорон, наслҳои калони худро идома дода шарафи милитсия ва обурӯи кормандони соҳаро баланд бардошта, бо кору номи некашон соҳиби обрӯву эътибор гардидаанд.
Мо боварии комил дорем, ки кормандони милитсия дар оянда низ бо дарки баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ба халқу Ватан софдилона хизмат менамоянд.

  “Бояд зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мо низ ҷиҳати сол то сол беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандони милитсия, муҳайё намудани шароити мусоиди кору фаъолияти онҳо ғамхориҳои зарурӣ зоҳир менамояд. Дар тӯли солҳои охир ба даҳҳо нафар кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ манзили зисти хизматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, хизмати шоистаи онҳо бо туҳфаҳои хотиравию ифтихорномаҳои раиси ноҳия қадр карда шудааст. Бори дигар ҳамаи Шуморо ба фарорасии ҷашни милитсияи тоҷик муборакбод гуфта, ба ҳамаатон сиҳатмандию рӯзгори хушу осуда ва барору комгориҳо таманно намоям”,- баён кард Каримзода Мансур.Маврид ба зикр аст, ки дар идомаи чорабинӣ ба кормандони фаъоли шуъбаи милитсия барои фаъолияти пурсамар ва ба собиқадори мақомоти корҳои дохила бо ифтихорномаи раиси ноҳия ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуданд.
Дар охир чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code