ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ

print
Санаи 22.11.2024 дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Раупова бо иштироки раиси ноҳия, сардорони сохторҳои қудратӣ, кормандони бахшу идораҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Чорабини мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, сипас раиси ноҳия Каримзода Мансур Тағой иброз дошт, ки 24 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатиро дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатии Тоҷикистон эътироф намудааст ва он чун рукни асосии муқаддаси миллӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад.
Иброз гардид, ки Парчами давлатӣ симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, таъриху суннатҳои халқу давлат маҳсуб мешавад.
Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат дарак медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтидани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.
Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза барои ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишони қудрату тавоноӣ арзёбӣ мешавад. Ба ин тасвири уқоб дар парчам ё ливои Куруши Кабир чун рамзи давлати неруманд, ливои Коваи оҳангар чун талошу мубориза ва ҷоннисориҳои ниёгони мо барои озодиву истиқлол мисол шуда метавонанд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлоисияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин далели арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва тарбия кардани насли наврас мебошад.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки Парчами давлатӣ рамзи озодӣ, баёнгари соҳибихтиёрии кишвар ва нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик маҳсуб ёфта, муҳаббат ва эҳтироми он бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номуси кишвар маъво дошта, эътиром ва арҷгузорӣ нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ рисолаи таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии мост. Таърих гувоҳ аст, ки Парчами давлатии мо ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ сокинони бонангу номус ва ҷавонмардони далеру шуҷои кишварамонро зери сояи худ муттаҳид намуда, Тоҷикистони муқаддасро аз парешонӣ нигаҳ дошт.
Инчунин, дар маркази ноҳия роҳпаймоии идона сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, гирандаи стипендияи Президентӣ ва раиси ноҳия, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат” ва бахши ҷавонони ноҳия, инчунин, варзишгарон, иштирок намуда, бо бардоштани Парчам, ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш аз тарафи ҳунармандони ноҳия ва ҷумҳурӣ комсерти идона доир гардид, ки бо сурудҳои Ватандӯстӣ аҳли толоро шод гардониданд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code