Санаи 14-уми ноябри соли 2025, дар ноҳияи Файзобод ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Мансур Каримзода роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия ва собиқадорон, фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ бо Садо додани Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, раиси ноҳия Мансур Каримзода суханронӣ карда, зикр намуданд, ки нақши мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, инчунин, амалӣ гардидани ормонҳои миллии чандинҳазорсолаи халқи тоҷик беназир буда, татбиқ гардидани сиёсати оқилона ва дастуру роҳнамоии бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат боиси пешравию шукуфоии кишвар гардидааст ва садоқат, муттаҳидӣ ва меҳру муҳаббати шоёни мардумро ба бор овардааст.
Заҳмату талошҳои Президенти кишварро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба назар гирифта, бобати арҷгузорӣ ба меҳнату садоқати ин шахсияти нотакрори таърихӣ соли 2016 унвони олии Пешвои миллатро лоиқ донистанд ва аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таъйин карда шуда, ҳар сол он дар саросари кишвар бо шукӯҳу ихлосмандии хоса истиқбол мегардад.
гуфта шуд, ки ташаббусҳои Роҳбари давлат дар баробари беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон, ба ҳалли мушкилоти мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд, ки боис ба баланд гардидани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шудааст ва иштироки мустақими Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои сиёсию экологии ҷаҳон, мубориза бар зидди хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизму терроризм, масъалаҳои мушкилоти дастрасӣ ба об, ҳифзи табиату наботот дар сайёра хеле назаррас мебошад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.
Ҳамчунин, дар охири чорабинӣ барномаи фархангӣ бо иштироки сарояндаҳои ҷумҳурӣ доир шуд.